ВОХӮРИ БО ХОНАНДАГОН ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар партави Паёми Пешвои муаззами миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 29-уми январи соли 2025 омӯзгорони кафедраи «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД»-и факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони Муассисаи ғайридавлатии «Мактаби Амид» таълимаш ба забони русӣ вохӯрӣ гузарониданд.
Пеш аз ҳама барои оғоз намудани чорабинии мазкур директори муассисаи ғайридавлатии «Мактаби Амид» таълимаш ба забони русӣ, Прудцких И.В баромад намуда иброз намуд, ки амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Дар идомаи вохӯрӣ муаллими калони кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД, подполковники милитсия Абдураҳмонзода Ином Илҳом оғози сӯҳбаташро аз суханрониҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад» шурӯъ намуд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ Абдураҳмонзода Ином Илҳом қайд намуд, ки риояи ҳуқуқ аз сатҳи маърифати ҳуқуқи шахс муайян мегардад, бояд дар тасаввуроти ҳар як фарди хештаншинос нақш бандад.
Пӯшида нест, ки ҳамасола мутаассифона ҷинояткорӣ ҷавонтар мегардад, зеро сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон хело коста гардидааст ва барои баланд бардоштани он ҳамарӯза зарур аст, ки кӯшиш ба харҷ диҳем. Ҳадаф аз вохӯрии имрӯза низ ташаккули дурусти маърифати ҳуқуқӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, пос доштани анъанаҳои миллӣ мебошад.
Дар баромади худ муаллими кафедраи «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуи МКД»-и факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Муродзода Фарҳод Ғайрат ҳангоми сӯҳбат бо хонандагони мазкур оид ба пешгирии шомил шудани ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ибрози ақида карда, чунин қайд намуд, ки асоси тарбияи ватанпарастиро омӯзиш ва гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ ва арзишу суннатҳои он, муҳофизати муҳити зист, рушди ҳисси миллии ноболиғону ҷавононро маърифати ҳуқуқӣ ифода менамояд.
Хавфу хатари кирдорҳои манфури ташкилоти экстремистӣ-террористӣ, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардида, ҷони беш аз 160 ҳазор тоҷикистониро ба коми худ фурӯ бурд, то ҳол аз ёди мардум нарафтааст.
Бавуҷудоии экстремизм ва рушди он, ки оқибат ба терроризм мубаддал мегардад, нигароникунанда аст. Ҳаминро бояд қайд кард, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ пойдеворе ҷиҳати муқовимат кардан ба экстремизму терроризм буда, садоқатмандии ҳар фарди ҷомеаро ба ватани хеш ифода менамояд. Омӯзгорону хонандагони муассисаи мазкур суҳбату вохӯриҳо анҷом дода дар рафти суханронӣ иброз доштанд, ки ҳолатҳои қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ асосан аз тарафи афроди камсавод ва аз талаботи қонунгузорӣ ноогоҳ сар мезананд. Бинобар ҳамин, насли наврас ва хонандагонро зарур аст, ки вақти қиммати худро сарфи беҳудакориҳо накарда, ба донишомӯзӣ машғул шаванд; бо мақсади огаҳӣ ёфтан аз моҳияти ифротгароӣ ва ҳадафҳои ғаразмандонаву таассубгароёнаи ҳизбу ҳаракатҳои зиддидавлатӣ аз устодони худ машварат гиранд; телефонҳои мобилии худашонро, ки мутаассифона, вақтҳои охир боиси сар задани қонуншиканиҳои зиёд гардидааст, ноогоҳона истифода набаранд; ба одобу ахлоқ ва суннатҳои инсонгароёна ва арзишҳову муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ намоянд; боварии Пешвои миллатро арзанда бошанд ва баҳри ояндаи ободи худ ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саъю талош варзанд.
Дар поёни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки ғамхории Ҳукумату давлат, хусусан - Сарвари давлат ба хотири рушди соҳаи илму маориф, маърифату фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи саводи ноболиғону ҷавонон, ҳисси ватанпарстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи ниёгонамон аст.
Муаллими кафедраи ФОҶ
лейтенанти калони милитсия. Муродзода Ф.Ғ.