Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР

1562Санаи 28 декабри соли 2024 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа карда гардид. Дар Паёми сарвари давлат самтҳои асосии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, маориф ва сиёсии мамлакатамон таҳлил карда шуданд.
Сараввал, дар суханронии худ президенти кишвар иброз намуданд, ки ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Қайд карда шуд, ки дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.
Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисодиёти кишвар ба тезонидани фаъолияти инноватсионӣ дорад.
Мутобиқи сиёсати давлат солҳои охир барои рушди иқтисодиёти миллӣ заминаҳои зарурӣ пайдо шуданд, ки асосҳои нави илмию ташкилиро тақозо мекунад. Ин асосҳо бояд ба сиёсати ягонаи рушди инноватсионии иқтисодиёти кишвар асос ёбанд.
Рушди иқтисодиёти мамлакат бо роҳи инноватсионӣ на танҳо эҷоди маҳсулот, технология, воситаҳои техникӣ, балки инфрасохтори инноватсиониро низ дар назар дорад.
Воқеан дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.
Бояд дарҷ намуд, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил додааст.
Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Қобили қайд аст, ки яке аз омилҳои муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ таҳия ва татбиқи сиёсати самарабахши инноватсионӣ мебошад, ки ҳадафи асосии ҷорӣ намудани технологияи нав, ихтироот, шаклҳои идоракунии истеҳсолот ва ташкили меҳнатро муайян мекунад, ки ба комёбиҳои пешрафти илмию техникӣ асос ёфтаанд.
Пешрафти илмию техникӣ ин фаъолият оид ба омӯзиши амиқи қонунҳои тараққиёти табиат ва ҷамъият мебошад, ки дар асоси онҳо воситаю объектҳои меҳнат, ҷараёнҳои истеҳсолот, шаклҳои ташкили истеҳсолот ва хоҷагидорӣ ба вуҷуд оварда ва такмил дода мешаванд.
Маълум аст, ки инкишофи пешрафти илмию техникӣ дар шаклҳои таҳаввулӣ, инқилобӣ ва якҷоя ба амал меояд. Дар баробари ин натиҷаи бевоситаи пешрафти илмию техникӣ инноватсия (навоварӣ) мебошад.
Тавре ки таҳлили сарчашмаҳои гуногун нишон дод, дар ташаккули мафҳуми инноватсия равишҳои гуногун мавҷуд аст. Навовариро ҳамчун тағйироти сифатӣ дар техника ва технологияи истеҳсолот, шаклҳои ташкил ва идоракунии истеҳсолот, ки сатҳи сифатан нави рушди қувваҳои истеҳсолкунанда, афзоиши даромаднокии истеҳсолотро таъмин менамояд, фаҳмидан мумкин аст.
Дар ин раванд маблағгузорӣ бояд, ҳам барои таъминоти истеҳсолот ва ҳам барои ташаккули сохтори окилонатарини технологии он кифоя бошад, ки шароитро барои афзоиши самаранокии хоҷагии халқ таъмин ва фароҳам созад.
Вобаста ба ин “маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст.
Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд.
Масъалаи дигаре, ки дар паёми ироа гардидаи сарвари давлат садо доданд ин соҳаи маорифи кишвар буд. Дар паёми хеш роҳбари давлат дарҷ намуданд, ки ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.
Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард.
Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Бояд дарҷ намуд, ки дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд, ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем.
Роҷеъ ба ин гуфтаҳо ҳаминро бояд қайд намоям, ки мо ҳамчун насли ҷавони ин кишвар ба қадри ин корҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем ва кушиш намоем, ки дар рушду нумуи кишвар, пешрафти илму техника, ва баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар омода намудани кадрҳои баландихтисос ва барои бозҳам ободтару зеботар гардидани кишвари азизамон Тоҷикистон саҳм гузор бошем.
Муаллими калони кафедраи
мурофиаи ҷиноятии факултети №2
капитани милитсия
Сулаймонзода Рустами Неъматуло

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...