Баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои баландихтисоси талаботи замон
Таълим ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси талаботи замон яке аз рукнҳои асосии тайёр намудани мутахассисон барои низоми маориф ва илми кишвар ба шумор меравад. Мақсадҳои стратегии маориф дар тайёр намудани кадрҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои доҳилӣ ва дигар сохтори марбутаи дорои муассисаҳои таълимӣ пешниҳод карда шуданд, ки ба масъалаҳои зерини инкишофи ҷомеа вобастагии зич дорад:
-таъмини сифати баланди зиндагӣ ва амнияти миллӣ;
-мустаҳкам намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари соҳиби фарҳанг ва тамаддуни бойи таърихӣ, ҳамқадами ҷомеаи пешқадами ҷаҳонӣ;
-бунёди асосҳои инкишофи иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва маънавӣ.
Вазифаҳои асосии тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси талаботи замон аз инҳо иборат аст:
-тарбияи ватандӯстона, ширкати онҳо дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро эҳтиром гузошта, соҳиби одоби баланд бошад;
-инкишофи ҳаматарафаи ҷаҳонбинӣ, ташаккули малакаи худомӯзӣ ва худфаъолиятии шахс;
-ташаккули ҷаҳонфаҳмӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ, инкишофи фарҳанги таҳамулпазирӣ бо дигар халқҳо;
-таҷдиди бонизоми паҳлӯҳои маориф, инъикоскунандаи тағйиротҳо дар доираи фарҳанг, иқтисодиёт, илм, техника ва технология;
-мудом будани маълумот (таҳсилоти олии касбии баъди мактаби олӣ);
-таҳсил, бозомӯзӣ ва такмили ихисос дар намудҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ;
-тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият соҳаи маорифро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ шуморида, як қатор санадҳои муҳиме аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, Аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи маориф» аз 22.07.2013, №1004, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз му Баланд бардоштани ассисаҳои олии таълимӣ» аз 14.05.2009, №531,Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» аз 08.08.2015, №1225, Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.11.2006,№484 ва ғайра.
Албатта ин шаҳодати он аст, ки ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд ва инкишофи низоми мақомоти корҳои дохилӣ, талабот ба омӯзиши кадрҳо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии он ба назар расида, фаъолияти милитсия бо мутахассисон таъмин карда мешуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи калидӣ ҳисобида, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи рушди соҳаи маориф мунтазам таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ теъдоди шумораи мактабҳои олӣ, миёнаи умумӣ, махсус ва муассисаҳои томактабӣ хеле афзоиш ёфт.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки мардуми Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта ба даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гаштанд, ки яксаду панҷоҳ ҳазор ҳалок гардида, панҷову панҷ ҳазор кӯдакон ятим монда, якуним миллион шаҳрвандон гурезаи иҷборӣ гардида, инфрасохтори иҷтимоӣ вайрон гардида буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро дида, пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро гирифт ва барои инкишофи соҳаи маориф маблағҳои молиявӣ ҷудо намуд. «Аз он ҷумла, дар солҳои истиқлолият сӣ лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ва ёздаҳ лоиҳаи дигар ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Соли 2020 5,5 миллиард ва соли 2024 ба соҳаи маориф 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Аз 1-уми июли соли 2024 маоши кормандони соҳаи маориф 40 % афзуд.» - зикр намуданд, Пешвои муаззами миллат.
Президенти кишвар дастур доданд, ки минбаъд барои омодасозии кадрҳои баландихтисос тахассуси омӯзгорон баланд бояд бардошта шавад. Муассисаҳои таълимӣ ҳар панҷ сол аз аккредитатсия ва муаллимон ҳар се сол аз аттестатсия гузаронида шаванд. Дигар масъалаи муҳим ин ҳатмӣ будани маълумоти миёнаи умумӣ мебошад ва падару модарон вазифадоранд, ки ҳатман ба фарзандон маълумоти ҳатмии умумӣ диҳанд. Дар баробари маълумоти умумӣ хонандагон бояд дар мактаб ва коллеҷҳо соҳиби ягон ихтисосу касб гарданд, ки дар оянда барои онҳо манбаи даромад ва ташкили оила хизмат намояд.
Дигар масъалаи муҳим барои омодасозии кадрҳо ин нашри китобҳои дарсӣ мебошад, ки на ҳамаи онҳо ҷавобгӯи талабот ҳастанд, яъне Пешвои миллат дастур доданд, ки тамоми китобҳои дарсӣ дар асоси меъёрҳои Конститутсия ва ҷаҳонбинии илмӣ аз тахшис гузаронида шаванд. Айни ҳол аз 203 номгӯйи китоби ташхисшуда 82 -тои онҳо нашр нагаштаанд.
«Дигар масъалаи муҳим ин бо кабинетҳои таълимӣ таъмин кардани мактабҳо мебошад, ки дар ин самт шаҳри Душанбе пешқадам буда, онро 96,3 % иҷро намудааст. Дар вилояти Суғд 73 %, Хатлон 48 %, шаҳру тобеи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 29% ва ВМКБ 7 % - ро ташкил додааст, ки хеле ташвишовар аст. Пешвои миллат ба Ҳукумат, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва мудирони шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки ин камбудиҳоро бартараф созанд. Масъалаи дигар ин ташкили марказҳои малакаҳои касбӣ мебошад, ки дар ин самт ноҳияи Данғара, шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва Хуҷанд пешсаф мебошанд. Пешвои миллат дастур доданд, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин марказҳо созмон дода шаванд» - иброз доштанд, Пешвои миллат.
Таълиму тарбия ва ба воя расондани насли ҷомеаи имрӯза, омодасозии кадрҳо масъулияти ҷиддиро аз аҳли ҷомеаи муосири Тоҷикистон талаб менамояд, зеро таълим ва тарбияи насли наврас аз домани модар ибтидо гирифта, то ба мустақилият қадам гузоштан эҳтиёҷ дорад. Таълиму тарбия дар пешгирии даст задани ҷавонону наврасон ба содир намудани ҷинояту қонуншиканӣ нақши муҳим дошта, қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа маҳсуб меёбад. Соҳаи маорифу муассисаҳои таълимӣ бояд дар иҷрои ин амри муҳим нақши бештаре дошта бошанд, вале мутаассифона дар ин самт камбудиву норасоиҳо дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ ба мушоҳида мерасад.
Дар моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» чунин омадааст:
«тарбия — раванди ҳадафмандонаи ба воя расондани кӯдак аз ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ;
таълим — фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, донишомӯзӣ, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ» мебошад.
Дар маҷмуъ ҳам таълим ва ҳам тарбия аз тарафи падару модар дар як марҳилаи асосие, ки кӯдак ҳиссиёт ба олами ҳастӣ пайдо мекунад сурат мегирад. Таълиму тарбия аз муҳити хонаводагӣ вобастагӣ дорад, зеро муҳити хонавода дар кадом сатҳ зиндагии худро пеш мебаранд ва дар он оила эҳтироми якдигар, якдигарфаҳмӣ ба назар расида, насли наврас бар пояи он амал мекунад. Вобаста ба ин падару модаронро дониши кофӣ зарур аст, зеро ки на ҳамаи онҳо аз оддитарин намуди тарбия бархурдоранд. Хуб мешуд, ки дар ҷомеаи мо фаъолияти созмонҳои мактабӣ ва ҷамъиятӣ тақвият дода мешуд, ки фаъолияти онҳо вобаста ба давраҳои мураккаби таълиму тарбияи фарзанд равона мегардиданд. Ин имкон медиҳад, ки ҳар як падару модар ба ин созмонҳо робитаи зич пайдо намуда, аз онҷо ба таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таълимӣ шинос шуда, истеъдод ва малакаи касбии худро вобаста ба тарбия намудани фарзандон дар муҳити оила ҷорӣ намояд.
Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад. Ва ҳар як насли ҷомеа ҳуқуқ дорад, ки дар фазои оила тарбия гирифта, дар муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои миёнаю олӣ дохил шуда, илм ва касб омӯзанд. Ин масъулият бештар бар дӯши падару модарон мебошад, ки кӯдакро ба кӯдакистон ва пас аз он ба мактаб ва пас аз хатми мактаб ба зиндагии мустақилона омода намоянд, лекин дар ҷомеаи имрӯзаи мо чунин падару модаронеро низ ба назар мерасанд ки дар таълиму тарбия ва ҳуқуқҳои фарзандони хеш ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд. Ҳол он, ки кӯдаки тавлидёфта дар муддати се моҳ бояд аз сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронда шуда, ба ӯ номи нек гузошта, шаҳодатномаи таваллуд ба он дода шавад, вале баръакс баъзе падару модарон ин масъулиятро ба таъхир андохта, ҳангоми ба муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ бурдани фарзандони хеш ба масъалаи мазкур рӯ ба рӯ мешаванд.
Бархе падару модарон нисбат ба тарбияи фарзандон бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, ки оқибат ба миён омадани амалҳои номатлуб ва ба ҷиноят даст задании онҳо мегардад, санги маломат бар сари онҳо ва омӯзгор мезанад, ки онҳоро аз таълиму тарбия дур гузоштаанд. Аслан таълиму тарбия ду муҳитро дар бар мегирад, хона ва мактаб. Агар фарзандро аз хона дуруст тарбия намуда, таҳкурсии ахлоқу одоби ӯро нисбат ба ҷомеа дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ равона созем, пас ӯ чӣ дар мактаб ва чӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ин ҷиҳат тарбия ёфта, нисбат ба ҳамсабақонаш пешсаф гашта, ба амалҳои номатлуб даст нахоҳад зад. Оиди ҷалб намудани наврасон ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши хубу аъло, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан, дурӣ ҷустан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ гузаронидани сӯҳбату вохӯриҳо бо ходимони ҷамъиятӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ ва зарурӣ мебошад. Гузаронидани чунин тадбирҳо имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон ба омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ бештар таваҷҷуҳ ва рағбати инфиродӣ пайдо намоянд ва онҳо ҳамчун кадри болаёқат ба воя расанд.
Ҳукумати кишвар ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ медонад ва имрӯз, ки мо дар роҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ қарор дорем, барои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат, бояд ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онро рӯ биоварем, зеро, ки “мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30-сола ба 70% аҳолии ҷамъияти Тоҷикистон баробар аст” ва онҳо айни замон қувваи асосии пешбарандаи ҷомеаи имрӯзаи моянд. Самти афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбад.
Бинобар ин бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳо аз ҳисоби ҷавонон мунтазам таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд: «Таълим дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ марҳалаи ниҳоӣ ва муҳим барои ҳар фарди ҷавони кишвар – ҳам писарон ва ҳам духтарон – мебошад. Вале таҳлилу мушоҳидаҳои чанд соли охир нишон медиҳанд, ки ҳам ҷавонон ва ҳам устодон, падару модарон барои таҳсил дар ин зинаи муҳимми таълим чандон ҳавасмандӣ зоҳир намекунанд.Тибқи маълумоти оморӣ аз 170 ҳазор нафар хонандагоне, ки соли 2023 синфи 9-умро хатм кардаанд, 114 000 нафар таҳсилро дар синфи 10 идома дода, 12 000 нафар ба литсейҳои касбиву техникӣ ва коллеҷҳо дохил шудаанд ва 44 000 нафари боқимонда таҳсилро дар ягон муассисаи таълимиву касбӣ идома надодаанд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ин мушкилӣ, яъне хоҳиши идомаи таҳсилро надоштани ҷавонон агар аз як тараф, дахолати падару модарон ба тақдири минбаъдаи фарзандон, бахусус, духтарон бошад, аз ҷониби дигар, нокифоя будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаи интихоби бошууронаи касб мебошад.Бинобар ин, дастур дода шуд, ки ба санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда, минбаъд ҷараёни идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад. Дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ акнун ҳамаи хатмкунандагони зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ баъди хатми синфи 9 вазифадоранд, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бояд ҳатман таҳсилоти худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ, яъне литсейҳои касбии техникӣ ва коллеҷҳо идома диҳанд ва соҳибкасб шаванд. Яъне баъди хатми синфи 9 ҳатман бояд хонанд!»
Нисбат ба омодасозии кадрҳои баландихтисос Пешвои миллат зикр намуданд: «Дар замони соҳибистиқлолӣ зинаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам аз лиҳози шумора куллан дигаргун гардид ва рушду инкишофи бесобиқа пайдо кард. Соли 1991 мо ҳамагӣ 13 мактаби олӣ доштем, ки дар онҳо 69 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард. Ҳоло шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 47 расида, дар онҳо 214 ҳазор донишҷӯён ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ машғул мебошанд. Инчунин, зиёда аз 41 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мо дар беш аз 40 кишвари дунё ба омӯзиши илму дониш машғул ҳастанд. Танҳо дар Федератсияи Русия беш аз 20 ҳазор ва дар Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил карда истодаанд. Ба замми ин, ҳоло дар кишвари мо як донишгоҳи муштарак, яъне Донишгоҳи славянии Русия–Тоҷикистон ва филиалҳои панҷ донишгоҳу донишкадаи бонуфузи хориҷӣ бо шумораи умумии 10 ҳазору 500 нафар донишҷӯ фаъолият доранд. Бояд гуфт, ки ҳамқадами замон шудан ва дуруст истифода бурдан аз дастовардҳои илму технологияҳои муосир, дар пешрафти онҳо нақш гузоштан, инчунин, муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба чигунагии муносибат ба илмҳои дақиқу риёзӣ вобастагии зиёд дорад.
Дар ин самт дар доираи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021 – 2025» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ як силсила корҳо анҷом дода шудаанд, аммо ҳанӯз натиҷаҳои дилхоҳ ба назар намерасанд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки натиҷаҳои чор соли татбиқи барномаро ҳамаҷониба таҳлил карда, барои мақсаднок амалӣ гардидани ҳадафҳои гузошташуда тадбирҳои зарурӣ андешад».
Паёми навбатии Пешвои миллат санаи 28-уми декабри соли 2024 дар бинои нави Парламенти кишвар баргузор гардид. Пешвои миллат дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври амиқ баён намуд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии кишвар ва ҳифзи иҷтимоии онҳо Пешвои миллат дастур доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад, маоши вазифавии дигар кормандони соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамчунин, Пешвои миллат дастур доданд, ки маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 20 фоиз зиёд карда шавад.
Ғамхориҳои Пешвои миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди маориф дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин ба он далолат мекунад, ки ҳоло ҳам масъалаҳои таҳсили томактабӣ ва мактабӣ таҷдиди назарро талаб мекунад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паём дастур доданд, ки 800 муассисаи томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода дода шаванд. Барои дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсӣ аз 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ самаранок истифода бурда шавад.
Ҳамчунин, Пешвои миллат таҳлил карда баромаданд, ки назар ба ибтидои солҳои Истиқлолият шумораи хонандагон ва донишҷӯён афзоиш ёфтааст. Бинобар ин масъулони соҳаи маорифро зарур аст, ки ба тайёрии хонандагон ва донишҷӯён махсусан ҷавондухтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Вобаста ба ин ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилот дастурҳои мушаххас дода шуд.
Самти дигари таҳлилҳои Пешвои миллат ин омодасозии кадрҳои илмӣ мебошад. Дар ин асос Пешвои миллат дастур доданд, ки Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ ва дигар академияҳои соҳавӣ дар иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» саҳми арзандаи худро гузоранд. Пешвои миллат ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла, забони русӣ ва англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ таъкидҳо намуданд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки агар хоҳем, ки кишвари мо рушд намояд зарур аст, ки ба омодасозии кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои рушди илму маориф шароитҳои мусоид фароҳам созем. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем дар натиҷаи кашфу ихтироот иқтисоди кишварро боз ҳам боло барем.
Ҳамин тариқ, аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 хулосаҳои зерин баровардан мумкин аст:
-раванди омодасозии кадрҳои баландихтисос зери тавҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;
-солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд;
-солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф идома дода шавад;
-дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ базаи моддӣ-техникии соҳаи маориф мустахкам гашта, теъдоди зиёди муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд;
-такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;
-то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот;
-рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ;
-рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;
-истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ;
-андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот;
-аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии қобилиятҳои зеҳнӣ, гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм –фуруғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» маблағҳои калони молиявӣ ҷудо гардида, то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд;
-барои рушди соҳаи маориф Барномаҳо, Стратегияҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба тавсиб расиданд;
-раванди таълим ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд;
-барои шаффофияти қабули довталабон ба муассисаҳои олии таълимӣ Маркази миллии тестӣ созмон дода шуд;
-низом маорифи кишвар ба стандарти ҷаҳонии таълмиӣ-низоми кредитӣ мутобиқ гардонида шуд;
-барои баланд бардоштани сифати таълим Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд;
-дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад;
-муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад;
-дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад;
-Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд;
-вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд;
-дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад;
-супориш дода шуд, ки 800 муассисаи томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода дода шаванд;
-барои таълифи китобҳои дарсӣ аз 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ самаранок истифода бурда шавад;
-вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад;
-барои рушди минбаъдаи таҳсилот дар ҷумҳурӣ Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд;
-то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад;
-мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.
Хулоса, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар соҳаи маориф ва илмро хамчун соҳаи калидӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон дошта, маблағузориро барои рушди минбаъдаи он афзиш доданд, ки он руҳбаландии кулли шаҳрвандони ҷумҳуриро ба вуҷуд оварда, гарму самимӣ аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа пазируфта шуд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., Сафарзода С.Н.
Адабиёт:
1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи маориф» аз 22.07.2013, №1004. [ Захираи электронӣ] //// Манбаи дастрасӣ: http://www maorif.tj (санаи муроҷиат: 16.09.2024).
2.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз массисаҳои олии таълимӣ» аз 14.05.2009, №531, [Захираи электронӣ] // Манбаи дастрасӣ: http://www maorif.tj (санаи муроҷиат: 16.09.2024).
3.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» аз 08.08.2015,№1225, [ Захираи электронӣ] // Манбаи дастрасӣ: http://www maorif.tj (санаи муроҷиат: 16.09.2024).
4.Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.11.2006,№484 [ Захираи электронӣ] // Манбаи дастрасӣ: http://www maorif.tj (санаи муроҷиат: 16.09.2024).
5.Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рузи Дониша аз 1-уми сентябрисоли 2024[ Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ:http://www.president.tj. (санаи муроҷиат: 04.09.2024).
6.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз 20 –июни соли 2024. №2049. [Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ:http://www.mmk.tj. (санаи муроҷиат: 07.09.2024).
7.Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 [Захираи электронӣ] //Манбаи дастрасӣ:http://www.president.tj (санаи муроҷиат 28.12.2024).