Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАРБИЯИ ЭКОЛОГӢ ВА ВАТАНПАРВАРӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тарбияи экологию ватандӯстиву ватанпарварӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷа дар раванди таълими Академияи ВКД ба ҳисоб рафта дар назди ҳайати профессорону омӯзгорони ин махзани тарбияи кадрҳои касбии мақомоти корҳои дохилӣ вазифаҳои басо муҳимро мегузорад.

Ҳар як курсант ва шунаванда бояд Ватану табиати зебои онро дӯст дорад ва барои ободу зебо гардонидани он ҷидду ҷаҳд намояд. Ин намуди тарбия фаъолияти бисёрсамта, бонизом, бомақсад ва бо ҳам мувофиқи идораҳои давлатӣ, сохтор ва муассисаҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки ба ташаккули шуури баланди экологию ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳисси баланди садоқат ба Ватани худ равона шудаст.

Дар мамлакат «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз03 апрели соли 2021, таҳти №116 амал мекунад. Барномаи мазкур рушди устувори кишварро аз ҷиҳати иқтисодӣ ва экологӣ, нигоҳ доштани мувозинати табиат ва ҷомеа, ки ба омилҳои экологӣ (нарасидани замин, ифлосшавии муҳити зист, таьминот бо захираҳои об, тақсимот ва нигоҳ доштани ҳолати ҳосилнокии чарогоҳ ва ҷангалзорҳо, тозагии ҳавои атмосфера, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, беҳдошти саломатии аҳолӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, бахусус навъҳои нодири аз байн рафтаистодаи наботот ва ҳайвонот) вобаста аст, таъмин менамояд.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини иҷрои Барнома ба зиммаи ҳамаи вазорату идора, муассиса, ташкилоту корхона ва хоҷагиҳо, аз ҷумла корхонаҳои муштарак, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, ки фаъолияташон ба истифодаи табиат алоқаманд буда, ба вазъи экологии ҷумҳурӣ таъсир мерасонад, гузошта шудааст. Ҳамоҳангсозӣ ва таъмини назорат аз болои иҷрои Барномаи мазкур ба зиммаи мақомоти ҳифзи муҳити зист гузошта шудааст.

Барнома танзимкунандаи вазъияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷати уҳдадоркунанда барои истифодабарандагони табиат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои экологӣ дар фаъолияти онҳо мебошад.

Барнома барои иҷрои масъалаҳои истифодаи васеъ, пурсамар ва оқилонаи сарватҳои табиӣ, ташкили истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ бехатар, татбиқ ва истифодаи технологияи аз ҷиҳати экологӣ бехавф, метод ва қоидаҳои судманди истифодаи табиат, ки ба шаклҳои гуногуни моликият (давлатӣ, шахсӣ, иҷоравӣ, муштарак ва ғайра) асос ёфта ва равона гардидааст.

Мақсади тарбияи экологию ватанпарварӣ курсантон талқин намудани зебопарастӣ, худогоҳию хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва татбиқи Барномаи зикршудаву масъулияти баланд доштан ба ҳифзи табиат мебошад.

Барои ба даст овардани ин мақсад иҷрои чунин вазифаҳои муҳим, аз ҷумла: фароҳам овардани таҷҳизоти илмию методӣ, амалӣ кардани низоми тарбияи экологию ватанпарварӣ дар Академия; ба роҳ мондани низоми наву пурсамартари тарбияи экологию ватанпарварӣ, ки масъулияти курсантонро нисбат ба ҳифзи муҳити зист, Ватан баланд бардорад мусоидат кунад, онҳоро ба хизмати Ватан-модар, аз рӯи виҷдон иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ омода созад, бедор намудани ҳиссиёти курсантон нисбат ба табиате, ки моро иҳота кардааст, арзишҳои ватанпарварӣ, фикру андеша ва эътимоду эҳтиром ба гузаштаи таърихию мадании давлат; инкишофи мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва дар онҳо ташаккул додани талабот ба тарзи солими ҳаёт талаб карда мешавад.

Дар тарбияи экологию ватанпарварӣ нуқтаҳои асосиро илмият, инсондӯстӣ, зебопарастӣ, табиатдӯстӣ, муҳофизи муҳити зист, озодӣ, бартарияти мероси таърихию фарҳангӣ ва арзишу суннатҳои он ташкил медиҳад. Инчунин бонизомӣ ва номуттасилӣ дар самти тарбия, инкишофи имконият, қобилият ва сифатҳои ҳар як курсант бо усули инфиродӣ ва алоқамандии зич ва пайваста бо дигар намудҳои тарбия истифода мешаванд. Аз ҷумла:

Дар самти равонию ахлоқӣ бошад - аз ҷониби курсант дарк намудани моҳияти иҷтимоӣ, ҳодисаҳои муҳими ҳаёти воқеӣ, инкишофи маданият ва таълимоти баланд, дарки фикру мулоҳизаҳо ки дар асоси он тайёрӣ ба хизмати Ватан, ташаккули меъёрҳои баланди ахлоқӣ ва сифатҳои масъулияти ҳарбӣ, ташаббус ва ҳамкорӣ ташаккулёбандаро таҷассум мекунад.

Дар самти экологӣ бошад-дарки ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, ҳамоҳангии корҳои экологию маърифатӣ нақши клубҳои экологӣ, марказҳои экологӣ, лагерҳои мавсимӣ маълумоту донишҳо оид ба парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва дигар марказҳои истироҳатиро фаро мегирад.

Дар самти таърихӣ бошаддарки моҳияти Ватан, тақдири он, алоқаи зич бо он, ифтихор аз гузаштагон ва шахсони маъруфи муосир ва масъулияти таърихӣ аз барои ҷамъият ва давлат, омӯзиши таърихи бисёрасраи Ватан, ҷой ва мавқеи ҷумҳурӣ дар раванди таърихӣ, омодагии дифои ҳарбӣ дар инкишоф ва устувории ҷамъият, ҳимояи он аз хатарҳои берунӣ, фаҳмидани хусусиятҳои миллӣ, урфу одат ва расму русуми халқ ва насли гузаштагони бузург ва соҳибихтиёрии мамлакатро дар бар мегирад.

Дар самти сиёсию ҳуқуқӣ ташаккули дарки амиқи уҳдадориҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ, ҳодиса ва равандҳои сиёсати дохилӣ ва берунӣ дар ҷамъият ва давлат, дастурамали асосии консепсияи бехатарии мамлакат, мавқеъ ва нақши мақомоти корҳои дохилӣ, ташаккулдиҳии вазифаҳои афзалиятнок оид ба нигаҳдории тартибот дар низоми сиёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷамъият ва давлат ба ҳисоб мераванд.

Дар самти фаъолияти касбӣ бошад-хизмат ба Ватан, ташаккули муносибати содиқона ба кор, меҳнат, кӯшиши зуҳуроти фаъоли сифатҳои касбию меҳнатӣ, шавқу рағбатҳои иҷроиши бомуваффақияти уҳдадориҳои хизматӣ ва супоришҳои гузошташуда, мақсад ва вазифаҳо, ҷанбаҳои арзишноки фаъолияти касбию меҳнатӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои баланди фаъолият, бо масъулияти баланд иҷро кардани уҳдадориҳои хизматӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои мушаххас, пешбинӣ карда тавонистан ва амалӣ кардани нақшаҳои касбии худ мебошад.

Самти тарбияи ҷисмонӣ бошад-тарғиботи тарзи ҳаёти солимро дарбар мегирад ва дар рафти фаъолияти амалӣ аз рӯи мақсад, вазифа, асосҳои равонию ахлоқӣ ва ҷаҳонбинӣ, тартибот, шакл ва методҳои тарбияи экологию ватанпарастӣ бо ҳам пайваст мегарданд.

Тарбияи ватанпарастӣ бояд яклухт ва мукаммал бошад. Усули яклухт хусусияти муҳимтарини тарбияро инъикос мекунад, ҳадафи он ба ташаккули яклухт ва ҳамаҷониба инкишоф додани шахсияти курсант равона шудааст.

Сарчашмаи асосии таъсири тарбиявии ҷараёни таълим мундариҷаи он мебошад. Моҳияти фаъолияти худро омӯзгор дар инкишофи ҳамаҷонибаи шахсияти курсант амалӣ намуда, дар мундариҷаи таълимот фикру мулоҳизаҳои пешбаранда, қонун ва назарияҳои зарурбударо нишон медиҳад. Таъсири тарбиявии ҷараёни таълим бештар аз хусусияти фаъолияти таълимии курсантон вобаста аст, аз ин рӯ, ба сифати омилҳои воқеигардонии тарбия дар раванди таълим инчунин усулҳои таълим низ дохил мешаванд. Мундариҷаи равиши таълим ба инкишофи тафаккури диалектикии курсантон таъсир мерасонад. Инкишофи маърифати ҳуқуқии курсантон, аз интихоби дуруст ва истифодаи оқилонаи равишҳои таълим ва азхуд намудани донишҳои зарурӣ вобаста мебошад.

Ҳамин тариқ, фаъолияти пурсамари таълимии курсантон дар дарсҳо, лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ, экскурсияҳо ва дигар шаклҳои ташкили ҷараёни таълим зоҳир мегардад. Бинобар ин, барои баланд бардоштани таъсири тарбиявии таълим нақши пешбарандаи он мувофиқати шаклҳои бисёрсамтаи онро таъмин намудан зарур аст. Раванди ташаккули ҷаҳонбинӣ аз омӯзгор талаб мекунад, ки ӯ аз доираи дарс берун рафта, фанни худро бо ҳаёт, амалия алоқаманд намояд. Таълим тавре бояд сурат гирад, ки курсант дарк кунад, ки он барои ӯ муҳим аст ва бе азхуд кардани дониш ояндасозӣ имконнопазир аст.

СОМОН ДАВРОНЗОДА

муаллими калони кафедраи фанҳои муҳандиси

техникии факултети № 3 Академияи ВКД ҶТ

майори милитсия

ШЕРАЛӢ ҚОСИМОВ,

курсанти соли аввали факултети № 2

Академияи ВКД ҶТ, милитсияи қаторӣ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...