Хатми курсиТакмили ихтисос дар АКАДЕМИЯИ ВКД
Хатмкунандагони курси такмили ихтисос дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи 18 январ бо супоридани шаҳодатномаҳо фориғи ин курсҳо гаштанд.
Хатмкунандагони ин курсҳо асосан кормандони воҳидҳои оперативии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии (СРИҶҶ) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.
Онҳо тибқи нақшаи махсуси таълимӣ аз ҷониби мутахассисони таҷрибадор бо дарназардошти тағйиротҳои навтарини замони муосир лексияҳои пурмазмун шуниданд.
Шаҳодатномаҳоро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло супорида, дар корҳои ояндаашон муваффақиятҳо таманно кард.