ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ОЛИМИ ҶАВОНИ АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Тибқи фармони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия аз 12 апрели соли 2018 таҳти № 392/нк «Оид ба додани унвони илмии дотсент ва супоридани аттестат» ба сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия ЮЛДОШЕВ РИФАТ РАҲМАДҶОНОВИЧ унвони илмии ДОТСЕНТ аз рӯйи ихтисоси «Мурофиаи ҷиноятӣ» дода шуд.
Роҳбарият, ҳайати афсарон, профессорону омӯзгорон ва ҳайати тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати расидан ба чунин унвони волои илмӣ бо самимияти беандоза мавсуфро муборакбод гуфта, ба корҳои эҷодиаш муваффақиятҳои беназирро хоҳонанд.
Дар арафаи Рӯзи илми тоҷик расидан ба чунин як унвони волои илмӣ пеш аз ҳама барои аҳли қалами Академияи ВКД Ҷумҳурии Точикистон дастоварди беҳтарин ба шумор меравад. Чунин арзёбии олимони мо беш аз пеш аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аст ки танҳо баҳри рушду равнақи миллату Ватан равона карда шудааст, бармеояд.
Бо боварии том гуфта метавонем, ки дастоварди мазкур баҳри пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавасманд гаштани олимони ояндаи ин даргоҳи илму маърифат, мусоидат хоҳад кард.
АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН