Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМИ САРНАВИШТСОЗ

1557Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари зикри самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамзамон рушду тараққиёти тамоми рукнҳои давлатдорӣ, дастоварду пешрафти 33 соли соҳибистиқлолии Ватани азизамон, амалигардии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар ва тамоми ҷабҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро бо таҳлили амиқ возеҳ баён намуданд.
Пешвои миллат дар сароғози сухаронӣ оид ба таҷлили 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсия қайд намуда, чунин андеша баён намуд: «Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст».
Бояд қайд кард, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паёми худро расонида, бо зикри пешрафту муваффақиятҳои тамоми самтҳои давлатдорӣ ва баёни масъалаҳои мубрами рӯз дар саросари кишвар ва берун аз он, миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса пайдо кардааст, зеро дар он муҳимтарин самтҳои давлатдорӣ, ки ба бунёди ояндаи нек ва рушду устувории иқтисодиёти мамлакат, инчунин некӯаҳволии ҷомеа пояи устувор мегузорад, дарҷ гардидааст.
Тавре Сарвари давлат зикр намуд: «Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуда ва дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд».
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон, дар баробари дигар масъалаҳои мубрами рӯз, ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ибрози назар намуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст.
Ёдовар мешавем, ки идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобати маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад.
Хушбахтона туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар корхонаҳои нав ба нав ба истеҳсолот дода мешаванд, ки садҳо шаҳрвандони азизи мо бо маоши хуб таъмин карда мешаванд. Мо шаҳрвандони ин сарзаминро зарур аст, ки шукри оромии кишвар намоем, зеро сулҳу ваҳдат дар кишвари мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар шуд. Миллати тоҷик барои бақои давлат ва кишвараш, ки бо васвасаи душманони хориҷӣ ба гирдоби ҷангӣ шаҳрвандӣ гирифтор гардида буд, ҷонбозӣ карда, талафоти зиёди молию ҷонӣ дод.
Сарвари давлат нафақат дар паёми имсола, балки дар паёмҳои пешин низ роҷеъ ба масъалаҳои дар боло зикргардида таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд.
Инчунин, Сарвари давлат қайд намуданд, ки мо дар манбаи меҳру муҳаббат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ нигоҳ дорем. Имрӯз хизмати зан - модар дар тамоми самтҳои кишвар назаррас аст. Боиси ифтихори мову шумост, ки занҳо дар паҳлуи мо истода бо ақлу заковату иродаи мустаҳками хуш баҳри оромиву осудагӣ, пешравӣ дар кишвар хизмати содиқона менамоянд. Давлату ҳукумат ба қадри заҳматҳои онҳо мерасад.
Ҳамаи он мавзӯҳои дар Паёми навабатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикиргардида муҳимму аввалиндараҷа буда, аз ҳар як шаҳрванди баору номус тақозо менамояд, ки дар ҳифзу пойдории соҳибистиқлолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, дар таълиму тарбияи фарзанд, ки насли ояндасози давлат мебошанд, пешрафти соҳаҳои илму маориф, фарҳангу маданият, роҳбаладиву ба омӯзиш фаро гирифтани ҷавонон саҳмгузор бошанд.
Ҷавобан ба ҳамаи ин мо кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд саъю талоши хешро барои тарбияи курсантон ба харҷ диҳем ва барои тақвият додани маънавиёти онҳо саҳми босазо гузорем.
Сардори кафедраи ФОҶ МКД,
н.и.ҳ., полковники милитсия Абдуллозода Н.Р.
Муаллими калони кафедраи,
ФОҶ МКД, подполковники милитсия Абдурараҳмонзода И.И.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...