ПАЁМ ИНЪИКОСКУНАНДАИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН
Санаи 28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳим ин сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб мерафт.
Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист комёбиҳои назаррасеро соҳиб гардад. Бояд иброз дошт, ки давлату миллат ҳамон вақт ба пешрафти назаррас ноил мегардад, ки соҳиби ҳофизаи баланди таърихӣ ва худшиносию худогоҳӣ бошад.
Таҳкими ҳисси худшиносӣ ва дарки ватанпарастиву худогоҳии миллӣ дар ин марҳила бозҳам дар он зарур аст, ки мо дар ҳамин замина метавонем ватанамонро аз ҳаргуна хатарҳои идеологӣ эмин нигоҳ дорем. Ҳар як давлат барои рушди ободи ва таҳкими давлатдорӣ, обрӯ ва нуфузи олии худ, дар навбати аввал ба зеҳну хирад, нерӯи созандаи ҷавонон такя намуда, ояндаи дурахшони худро ба он алоқаманд менамояд. Ҷамъият ва кишваре, ки ба тарбия ва маърифат, инкишофи зеҳнӣ, серҳаракатии ҷавонони худ аҳаммияти аввалиндараҷа намедиҳад, ба гумон аст, ки дараҷаи баланди тарақиётро соҳиб шавад.
Дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Ман аз қадамҳои аввалини худ ҳамчун роҳбари давлат худшиносии миллӣ, ҳисси ватанпарастиро ба сифати омили муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ менамоям. Аслан тамоми суханрониҳоям ҷанбаи худшиносии миллӣ доранд». Ояндаи давлату миллат ба насли ҷавон мансуб буда маҳз ҷавонон дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ бештар фаоланд, ва умеду такягоҳи давлат мебошанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 қайд гардидааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми кишварро ҳимоя мекунанд, кишварро ободу зебо мегардонанд ва номи ватани аҷдодиро бозҳам баланд мебардоранд ҳамеша такя менамояд.
Имрӯз низ масъалаи худшиносии миллӣ бештар таваҷҷуҳи насли миллатро ба худ ҷалб менамояд. Худшиносии шахсият ва худшиносии миллат барои мустақилияти фард ва истиқлолияти давлат чун пояи мустаҳкам хидмат карда, аз вобастагӣ ба дигарон ва фармонравоӣ бар бегонагон эмин нигаҳ медорад. Дар ҷомеаи имрӯза техникаю илм пешрафта истодааст ва бо баробари афзудани аҳолии кураи замин дар сатҳи зиндагии мардум низ мушкилотҳои гуногуне вуҷуд дорад. Баъзе афроде пайдо мешаванд, ки гурӯҳҳои гуногун ташкил намуда, бо суистифода аз эътиқоди динӣ шаҳрвандон аз ҷумла ҷавононро ба худ ҷалб намуда онҳоро барои содир намудани амалҳои террористию экстремистӣ водор месозанд. Таҳдидҳои ин таҳаввулоти номатлуби замон боиси аз байн бурдани истиқлолияти давлатҳои алоҳида гардида, сабаби сар задани ҷангҳои шаҳрвандӣ ва муноқишаҳои мазҳабӣ шудаанд.
Ин таҳаввулоти номатлуб боиси нигаронии мардуми Тоҷикистон низ гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки «терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст».
Хавфу хатарҳое, ки имрӯз аз терроризм ва экстремизми байналхалқӣ бармеоянд, на танҳо ба амнияти давлатҳои алоҳидаи рӯ ба тараққӣ таҳдид менамоянд, балки боиси аз байн бурдани давлатҳои бузург ва абарқудрати дунё шуда метавонанд.
Имрӯз моил гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва иштирок намудани бархе аз онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар боиси нигаронии сардори давлат ва аҳли ҷомеа шудааст.
Ба маротиб зиёд гардидани ҷиноятҳои характери экстремистидошта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаро ҳушдор месозад, ки дар ташкили мубориза ба экстремизм чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандустиву ватанпарастӣ, арҷгузори ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.
Ҷавонон қишри фаолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба душ хоҳанд гирифт.
Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд. Ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.
Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад. Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи бо эътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи давлату миллат аз онҳо вобаста мебошад.
Дар фарҷоми сухан вобаста ба ин масъала аз андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд. «Дар баробари ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд».Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад.
Аз таҳлилҳои боло метавон хулоса кард, ки мо ҷавонон ва шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар паи шинохти таърих, забон ва фарҳанги хеш бошем. Гузашта аз ин моро зарур аст, ки дар паи ободии ин миллату ин сарзамин камари ҳимат бандем.
Иброҳимзода Диловари Қурбонбек
муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,