Паёми Пешвои миллат – роҳнамои омодасозии кадрҳои баландихтисос
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар тамоми баромаду суханронии худ ҳамеша аз аҳли маориф ва илм ва эҳтиёҷоти онҳо бохабар мебошанд. Ин аст, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ самти маориф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятнок эълон гардида, сол аз сол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ва илм афзоиш меёбад.
Паёми навбатии Пешвои миллат санаи 28-уми декабри соли 2024 дар бинои нави Парламенти кишвар баргузор гардид. Пешвои миллат дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври амиқ баён намуд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии кишвар ва ҳифзи иҷтимоии онҳо Пешвои миллат дастур доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад, маоши вазифавии дигар кормандони соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамчунин, Пешвои миллат дастур доданд, ки маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 20 фоиз зиёд карда шавад.
Ғамхориҳои Пешвои миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди маориф дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин ба он далолат мекунад, ки ҳоло ҳам масъалаҳои таҳсили томактабӣ ва мактабӣ таҷдиди назарро талаб мекунад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паём дастур доданд, ки 800 муассисаи томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода дода шаванд. Барои дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсӣ аз 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ самаранок истифода бурда шавад.
Ҳамчунин, Пешвои миллат таҳлил карда баромаданд, ки назар ба ибтидои солҳои Истиқлолият шумораи хонандагон ва донишҷӯён афзоиш ёфтааст. Бинобар ин масъулони соҳаи маорифро зарур аст, ки ба тайёрии хонандагон ва донишҷӯён махсусан ҷавондухтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Вобаста ба ин ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилот дастурҳои мушаххас дода шуд.
Самти дигари таҳлилҳои Пешвои миллат ин омодасозии кадрҳои илмӣ мебошад. Дар ин асос Пешвои миллат дастур доданд, ки Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ ва дигар академияҳои соҳавӣ дар иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» саҳми арзандаи худро гузоранд. Пешвои миллат ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла, забони русӣ ва англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ таъкидҳо намуданд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки агар хоҳем, ки кишвари мо рушд намояд зарур аст, ки ба омодасозии кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои рушди илму маориф шароитҳои мусоид фароҳам созем. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем дар натиҷаи кашфу ихтироот иқтисоди кишварро боз ҳам боло барем.
Дар асоси гуфтаҳои Пешвои миллат аз Паём дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи он таҳти роҳбарии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриён П.А. омӯзиши нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар тамоми факултетҳо ва шуъбаҳои Академия ба роҳ монда шуд.
Дадазода Д.О., Асламов Б.С.