Омӯзиши Паёми Пешвои миллат дар байни курсантон ва омӯзгорони Академияи ВКД
Чун ҳамасола аз рӯи анъана Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Раҳмон ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паём баромад намуданд. Ироаи Паёми имсолаи Пешвои миллат 28-декабри соли 2024 дар бинои нави Парламенти кишвар баргузор гардид. Дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хоричии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Яке аз мавзӯъҳои муҳими Паём ин рушди соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳо маҳсуб меебад. Дар ин самт Пешвои миллат таъкид намуданд, ки сатҳи забондонӣ ва омодасозии кадрҳо дар муассисаҳои таълимии кишвар баланд бардошта шавад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки музди кории омӯзгорон аз 1 сентябри соли 2025 30% баланд бардошта шавад. Вобаста ба истиқболи сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат дастур доданд, ки теъдоди муасисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ афзоиш дода шавад.
Вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат дар назди сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ. генерал-майори милитсия Насуриён П.А. ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори Академия дастур дод, ки дар тамоми воҳидҳои таълими низомӣ, инчунин ҳайати профессорону омӯзгорон омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба роҳ монда шуда, оиди иҷрои он нақшаи алоҳидаи корҳои тарбиявӣ мураттаб гардонида шавад.
Баҳри иҷрои дастурҳои сардори Академия аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини сардори Академия оид ба низом н.и.ҳ. Собирзода А.Ҷ. дар байни курсантон, шунавандагон ва омӯзгорони Академия омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба роҳ монда шуд. Дар вохӯриҳо бо курсантону шунавандагон сардори факултети №2 н.и.ҳ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М. ва инчунин сардори факултети №6 н.и.ҳ. подполковники милитсия Амруддинзода М.А. бо маърузаҳо баромад намуда, мухтавои Паёми Пешвои миллатро ба курсантону шунавандагон ва омӯзгорони Академия расониданд.
Асламов Б., Сафарзода С., Убайдуллоев Ш.