Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Робитаи назария бо амалия дар Академияи ВКД

a46

Яке аз вазифаҳои муҳими кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ин баланд бардоштани такмили ихтисос мебошад. Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Вазири корҳои дохилӣ, генера-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро 21 – нафар кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ сафарбар гардиданд.

Қобили қайд аст, ки бо онҳо профессорону омӯзгорони ботаҷриба, аз қабили сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., сардори факултети №3, номзади илмҳои ҳуқуқ Насуриён П.А., муовини сардори факултети №2, полковники милитсия Асламов Б.С., сардори кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6 полковники милитсия Аҳтамшозода С.А., омӯзгори кафедраи такмили ихтисоси факултети №3, лейтенанти калони милитсия Қурбонов Ф.Н. аз фанҳои гуногун машғулиятҳо гузаронида, ба онҳо нозукиҳои робитаи байни назария бо амалияи мақомоти корҳои дохилиро фаҳмонида, онҳоро ба чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ҷалб намуданд.

a47
Дар ҳамин асос, бо ташаббуси роҳбарияти факултети №3, шуъбаи таълими Академияи ВКД мутахассисони варзида аз муассисаҳои гуногун ба раванди таълим ҷалб гардида, ба шунавандагон дарсҳои амалӣ мегузаронанд.
Аз ҷумла, санаи 5 декабри соли 2017, аз ҷониби сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ ва идоракунии Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Боиров Фарҳод, мутахассис Купайи Генадий Джавадович бо шунавандагони курсҳои такмили ихтисос дарси амалӣ дар мавзӯи «Моликияти зеҳнӣ» гузаронида шуд.
Мавзӯъро шунавандагон хуб пазируфта, бо саволу ҷавобҳо донишу малакаи худро мустаҳкам намуданд.

Ба масъалаи мазкур роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда, кӯшиш менамояд, ки раванди таълим дар муассисаи мазкур дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуда, курсантон ва шунавандагон соҳиби донишҳои муосир гарданд.
Ҳалимзода Дилафрӯз, сардори кафедраи такмили ихтисоси факултети №3, номзади илмҳои сиёсӣ, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...