Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози машқҳои оперативӣ-тактикӣ дар факултети № 4-и Академияи ВКД

1511Тибқи нақшаи таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети №4 барои курсантони курси 5 гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ пешбинӢ шудааст.
Дар асоси он 23 декабри соли 2024 бо иштироки муовини сардори факултет оид ба қисми таълим н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. бо курсантони курси 5 вохурӣ гузаронида, мақсаду мароми гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикиро қайд намуданд, яъне ин марҳилаи хотимавии омӯхтани фанҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ аз ҷониби курсантони хатмкунанда буда, усули самарабахши санҷиш ва мустаҳкам намудани дониши назариявӣ ва таҷрибаҳои амалии курсантон бо ин фанҳо мебошад.
1512Инчунин қайд карда шуд, ки барои мустаҳкам намудани дониши назариявӣ ва таҷрибаҳои амалии курсантон аз РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонн дар вилояти Суғд кормандони амалия аз қабили, нозири калони ШҲТҶ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонн дар вилояти Суғд подполковники милитсия Назаров Ф.А. муовини сардори ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Азизода О. ва сардори шӯъбачаи шӯъбаи тафтишоти РВКД дар вилояти Суғд майори милитсия Маҳмадов У. даъват карда шуданд, ки ҳамаруза ба курсантон кумаки амалӣ дар раванди баргузории машқҳо мерасонанд.
1513Дар идомаи вохури сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ н.и.ҳ. полковники милитсия Абдуллозода Н.Р. қайд намуданд, ки барои роҳбарӣ намудан ва гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ бо фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод аз ҳисоби роҳбарияти фаултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми таълим ва ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ таъсис дода шудаст.
Машқҳо дар асоси барномаи таълимӣ ва ҷадвали дарсӣ, дар ҳама гурӯҳҳои машқӣ гузаронида мешавад.
Муродзода Ф.Ғ., муаллими кафедраи ФОҶ МКД, факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...