Гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ бо номи шартии «Ҷустуҷӯ -2024»
Бо мақсади иҷро намудани талаботи нақшаи таълимии Академия ва сайқал додани дониши назариявии курсантон, ташаккули таҷрибаи амалии фаъолияти онҳо, такмил додани маҳорати қабули қарори дуруст дар ҳолатҳои воқеии хизматӣ, бо курсантон ва шунавандагони факултетҳои №1, 2, 4, 5 ва 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 23 декабри соли 2024 то 3 январи соли 2025 машқҳои оперативӣ-тактикӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
Барои роҳбарӣ намудан дар гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ, ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ, инчунин сардорони факултетҳо дар асоси фармоиши сардори Академия вобаста карда шуданд.
Барои боз ҳам аз наздик шинос шудани курсантон бо мавод ва амалиётҳои оперативӣ мутахассисони Раёсати ташхисӣ-криминалистӣ, Дастаи таъиноти махсус ва Маркази хадамоти кинологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд.
Курсантон дар амалиётҳои дастгиркунӣ ва дарёб кардани воситаҳои нашъадор, тарзи истифодаи маводҳои кимиёвӣ ва дигар маводҳо аз ҷониби мутахассисони Раёсати ташхисӣ-криминалистӣ аз наздик шинос мешаванд.
Аҳтамшозода С.А., муовини сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия