Чорабинӣ бахшида ба 30-солагии факултети рақами 4-и Академияи ВКД
12 декабри соли 2024 дар кохи "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарият, собиқадорон, ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи факултети рақами 4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангиву фароғатӣ бахшида ба 30- солагии факултети мазкур баргузор гардид.
Масъулини Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи табрикотиро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерай-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло ба самъи ҳозирин расониданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки имрӯз дар факултети рақами 4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷавонони хештаншинос, ватандӯст ва масъулиятшинос таҳсил намуда, пас аз хатм дар сафи мақомоти милитсия ва дигар сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти софдилона ба нафъи давлату миллатро анҷом медиҳанд.
Дар фазои тантанавӣ ба роҳбарияти Академияи ВКД ва роҳбарони факултети рақами 4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.
Ҳамзамон ба муносибати 30-солагии факултети рақами 4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз номи сардори Академия генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло як қатор устодони факултети мазкур ва дигар пешсафон бо медали ҷашнии Академия қадрдонӣ карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки факултети рақами 4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд соли 1994 бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун факултети Хуҷандии Мактаби олии милитсия таъсис ёфта, баъдан ба факултети рақами 4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард.