Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни «Лабиринти ҳуқуқӣ» 2024

1468Бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ, роҳбарияти Академияи ВКД ва бо кӯмаки бевоситаи тащкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» санаи 13 декабри соли 2024 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Лабиринти ҳуқуқӣ» бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.
1469Вазифаҳои баргузории Озмун дар мусоидат ба паҳн ва рушди фарҳанги ҳуқуқӣ дар муҳити ҷавонон; рушди қобилияти эҷодӣ, ташаббусҳои шаҳрвандӣ ва масъулияти ҳуқуқи курсантон/донишҷӯён; баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ҷиҳати ташкили фаъолияти муҳимми иҷтимоӣ ва ташаккули маҳорати фаъолияти таҳқиқотии курсантон/донишҷӯён; баланд бардоштани ҳавасмандии курсантон/донишҷӯён ба фаъолияти ҷамъиятӣ; ташаккули иқтидори таҳқиқотӣ доир ба фаъолияти идоракунӣ, ҳифзи ҳуқуқ, фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ иборат буд.
Бояд гуфт, ки озмун аллакай анъанавӣ шуда, ҳамасола аз моҳи декабри соли 2017 баргузор мегардад, вале бори аввал дар давоми мавҷудияти он намояндагони дигар муассисаи таҳсилоти олии ҳуқуқии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Хусусияти дигари озмун дар он буд, ки он ба забони русӣ сурат гирифт. Дар озмун ҳамчунин курсантони Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ низ ҳамчун мухлис иштирок намуданд.
1470Инак, 13 декабри соли 2024 дар Академияи ВКД озмуни навбатии «Лабиринти ҳуқуқӣ» бо иштироки донишҷӯёни курсҳои 3-4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Росси ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳарду даста аз 7 нафар иборат буда. Дастаи Донишгоҳи славянӣ «Лигаи адлия» ном дошта, капитани даста донишҷӯи курси 3-юм Қосимова Шукрона буд. Академияи ВКД-ро дар мусобиқа дастаи «Шоҳигарии ҳуқуқӣ», ки капитани он курсанти курси 4-ум Зулфонов Амиртемур буд, намояндагӣ кард.
1471Муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Р.Р. Раҳмадҷонзода ба сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ба ҳамаи иштирокчиёни озмун барори кор ва иродаи ба ғалаба расидан орзу намуд.
1472Ҳарду даста барои муаррифии худ мавзуи мубориза бо терроризм, экстремизм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва кор бо гурезаҳоро интихоб намудаанд
Озмун аз чор давраи ҳатмӣ иборат буда, дар се давраи он ҳамаи аъзоёни даста бояд иштирок менамуданд.
1473Давраи якум, ки «Вазифаи хонагӣ» ном дошт ба якчанд қисм тақсим шуд, яъне: шиносоӣ бо даста, номи даста, барои чӣ даста чунин номгузорӣ карда шудааст ва муаррифии мавзуи интихобкардашуда. 1474Ҳарду даста супоришро бомуваффақият иҷро намуда, кори дастаҷамъона ва дониши хуб, инчунин муносибати эҷодӣ барои тайёр ва намоиш додани видеонавор нишон доданд.
1475Давраи дуюм – «Вазифаи амалия» давраи даставӣ буд. Ба ҳар як даста дар лифофа масъалаҳои амалии соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ пешниход карда шуданд. 1476Дастаҳо аз уҳдаи ин вазифа низ ба таври комил баромад намуда, худро ҳамчун ҳуқуқшиносони боистеъдод ва одил муаррифӣ карданд.
1477Давраи сеюм – «Силоҳбадаст ва хатарнок» (дар доираи криминалистика). Ба иштирокчиёни озмун ду акси ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта пешниҳод карда шуд ва бо истифода аз пораҳои аксҳо аъзоёни дастаҳо фотороботи гумонбаронро дар вақти муайяншуда дуруст сохтанд.
1478Давраи чорум – «Муҳорибаи титнаҳо» (капитанҳо) – ба майдон сарварони дастаҳо даъват карда шуда буданд. Ба ҳар як капитан 10 саволи куттоҳ пешниҳод карда шуд, ки ба онҳо бе андеша «ха» ё «не» чавоб додан лозим буд. Капитанхо сардорони ҳақиқӣ баромад карда, ба саволҳо тез ва бе хато ҷавбҳоро пешниҳод намуданд.
Дар байни мусобиқот бо иштироки мухлисони тамошобинон викторинаи хурд низ доир гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи славянӣ, Академияи ВКД ва Мактаби олии КДАМ фаъолона ширкат варзиданд.
Ҳайати ҳакамон, ки аз намояндагони Академияи ВКД, Донишгоҳи славянӣ ва роҳбари ташкилоти «Инсон ва Адолат» иборат буд, ҷамъи холҳоро ҳисоб намуда, ба хулосае омаданд, ки ғолиби озмун дастаи «Лигаи адлия» (Донишгоҳи славянӣ) бо 101 хол дониста шуд. Ба даста Дипломи дараҷаи 1 ва Ҷоми ғолиби калон супорида шуд.
Дастаи «Шоҳигарии ҳуқуқӣ» 100 хол ба даст оварда, соҳиби Дипломи дараҷаи 2 ва Ҷоми хурд гардид. Ба ҳарду даста ҳамчунин китобҳои А. Фирдавсӣ «Шоҳнома» тақдим карда шуд.
Инчунин, номзадҳо ба унвони «Беҳтарин капитан» (ҳарду капитан), «Беҳтарин бонуи ҳуқуқшинос» (намояндаи Донишгоҳи славянӣ), «Беҳтарин ҳуқуқшинос – ҷавон» (курсанти Академияи ВКД), «Мухлиси беҳтарин аз толор» (курсанти Мактаби олии КДАМ) муайян карда шуданд. Ба ҳамаи иштирокчиёни озмун ифтихорнома ва туҳфаҳои қиматбаҳо супурда шуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...