Иштироки дастаи Академияи ВКД дар мусобиқаи даставии шоҳмотбозон
12 декабри соли 2024 дар ш. Краснодари Федератсияи Россия мусобиқаи даставӣ оид ба шоҳмот байни ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи мактабҳои олии таълимии ВКД ИДМ баргузор гардид, ки ташкилкунандаи он Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар буд.
Мақсади гузаронидани чунин чорабинии варзишӣ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва инкишоф додани шоҳмот мебошад. Мусобиқа дар шакли онлайн дар платформаи интернетии LICHESS гузашт. Дар чорабинӣ аз ҳар як мактаби олии таълимии ВКД даста аз 3-нафар иштирокчиёне, ки дар ҳайати он 1 нафар - афсар ва 2 нафар - аз ҳисоби ҳайати тағйирёбанда иборат буд, иштирок доштанд.
Ҳамагӣ дар мусобиқа 6 даста аз Донишкадаи ВКД Россия дар ш. Санкт-Петербург, дастаи худи Донишгоҳи ВКД дар ш. Краснодар, инчунин, дастаҳо аз Донишгоҳи ВКД Россия ба номи В.Я. Кикотя, Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Воронеж, Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд.
Аз номи Академияи ВКД Тоҷикистон омӯзгори калони кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии факултети № 2, подполковники милитсия Нурализода А.Х., курсанти курси 4 факултети № 5 Адҳамов А. ва курсанти курси 3-юми факултети № 2 Рустамов М.Б. иштирок доштанд.
Мусобиқа аз рӯйи системаи швейтсарӣ (даврабозӣ) гузаронида шуда, назорати вақт барои ҳар як бозӣ 5 дақиқа барои ҳар як иштирокчӣ бо иловаи 10 сония барои ҳар як ҳаракати анҷомдодашудаи аз аввали бозӣ сар карда буд. Ҳангоми гузаронидани мусобиқа барномаи компютерии SWISS MANAGER истифода шуд. Ғолибони мусобиқа аз рӯйи миқдори бештари холҳое, ки аъзоёни даста гирифтаанд, муайян карда шуд.
Дар натиҷа, ҷойи аввалро бозигарони Донишгоҳи ВКД Россия ба номи В.Я Кикотя, ҷойи дуюм Донишкадаи ВКД Россия дар ш. Санкт-Петербург ва ҷойи сеюм насиби Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр