Ғолибони озмунҳои байналмилалӣ
Дар озмуни байналмилалӣ байни курсантон, шунавандагон ва донишҷӯён таҳти унвони “Масоили мубрами илми ҳуқуқшиносӣ” (“Актуальные проблемы юридической науки”), ки аз тарафи Филиали Донишгоҳи ВКД Россияи ш. Краснодар дар ш. Ставропол 25 ноябри соли 2024 баргузор гардид, курсанти курси 3 факултети № 6, Академияи ВКД милитсияи қаторӣ Магеррамов А.Д. бо маърузаи “Терроризм ҳамчун таҳдиди амнияти ҷамъиятӣ” (“Терроризм как угроза общественной безопасности”) соҳиби ҷойи 3-юм гардида, бо диплом сарфароз гардонида шуд.
Ҳамчунин дар озмуни байналмилалӣ барои беҳтарин нашрияи чопӣ дар бахши “Илмҳои ҳуқуқшиносӣ” (Юридические науки), ки аз тарафи Донишкадаи ВКД Россия дар ш. Барнаул аз 15 апрел то 1 декабри соли 2024 баргузор гардид, сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2, Академияи ВКД н.и.ҳ., подполковники милитсия Каримзода У.К. бо дастури таълимии худ “Асосҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Основы правового статуса иностранных граждан и лиц без гражданства в Республике Таджикистан: учебное пособие. – Душанбе: «Ирфон», 2024. – 192 с.) соҳиби ҷойи 3-юм ва бо дипломи дараҷаи 3 сарфароз гардонида шуд.