Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ «ҲИФЗ, АМНИЯТ, АЛОҚА-2024»

1440Санаи 28-уми ноябри соли равон дар Донишкадаи ВКД Россия дар шаҳри Воронеж Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Охрана, безопасность, связь - 2024» дар шакли маҷозӣ (он-лайн) баргузор гардид.
Пеш аз оғози конференсия намоиши воситаҳои муосири барномавӣ ва техникӣ дар соҳаи таъмини ҳифз, амният ва алоқа гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ мутахассисони пешбари муассисаҳои таълимии гуногуни низоми ВКД, аз ҷумла Академияи идоракунии ВКД Россия, Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар, Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Орёл ба номи В.В. Лукянов, Донишкадаи Уралии ҳуқуқшиносии ВКД Россия ва дигарон иштирок намуданд.
1441Ҷаласаи ифтитоҳиро сардори донишкада, номзади илмҳои фалсафа, генерал-майори политсия Нахимов Александр Павлович оғоз намуда, қайд карданд, ки мақсади асосии конференсия ҷалби олимон ва мутахассисон оид ба таҳқиқи масоили муҳими таъмини амнияти иттилооти, таҳлили вазъи имрӯза ва пешниҳоди роҳҳои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он мебошад.
1442Дар рафти конференсия масъалаҳои мубрам оид ба таври фаъол истифодаи технологияҳои гуногуни иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва маҳз дар чунин шароит иттилоот ва манбаъҳои иттилоотӣ яке аз омилҳои муҳимтарини рушди инсон, ҷомеа ва давлат ба шумор меравад, ва дар шароити кунунӣ тамоми кишварҳои қишри сайёра дар миёни муборизаҳои иттилоотӣ қарор дошта маҳз таъмини амнияти иттилоотӣ имрӯз ба масъалаи муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфта, суботу устувории ҳукуматҳо ва амнияти миллии давлатҳо ба он алоқамандии зич пайдо кардааст ва мубориза бо чинин хатарҳо аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки дар маҳди аввал қарор дорад баррасӣ шуданд.Дар кори конференсия дар шакли маҷозӣ (он-лайн) сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Абдуллозода Н.Р. бо маъруза дар мавзуи «Технологияҳои компютери ва нақши онҳо дар муқовимат бо экстремизм дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.Пас аз анҷоми маъруза ба Абдуллозода Н.Р. оид ба истифодаи технологияҳои компютери оид ба муқовимат ба экстремизм ва фаъолияти экстремистӣ дар Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмилли музокиротхо доир гардид .
Сардори кабинети кафедраи
ФОҶ МКД, факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенати милитсия Шарифӣ М.А.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...