Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!
Ҳамасола дар саросари ватани азизу маҳбубамон санаи 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Бояд қайд намуд, ки ин ҷашнвораи таърихӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мо мардуми бонангу ору шарафманди тоҷик соҳиби давлати соҳибистиқлол ҳастем, ки номаш Тоҷикистон аст. Ҳаряки мо бо сари баланд Тоҷикистони соҳибистиқлол гуфта метавонем, чунки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Парчам рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба таърих назар афканем, парчамдорию парчамбардори халқи мо таърихи қадима дошта аз аҳди бостон то ба имрӯз давраи тӯлониро гузаронида аст. Мафҳуми «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориё ба вуҷуд омадаанд.
Вобаста ба парчамбардории ниёгони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, ки «ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон ливои Коваи бузургро ёдовар шуд, ки нишонаи равшани мероси муборизаву ҷонфидоиҳои ниёгони мо мебошад».
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад, парчами нави давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сессияи Шурои Олӣ 24 ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст. Боиси хушҳолист, ки бо қабули қонун ҳар сол 24 ноябр ҳамчун рузӣ Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад. Ифтихори ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонист, ки моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.
Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки таманно дорем ин парчам то абад парафшон ва дар осмони соф дурахшанда бимонад.
Зайдуллозода М.Н., муаллими кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия.