Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети №4-и Академияи ВКД

142023 ноябри соли 2024 дар майдони сафороии факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки роҳбарият, ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда баргузор гардид. Ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ дар майдони сафороии факултет сутуни Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки дар ҳузури роҳбарият, бо садо додани Суруди миллӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бардошта шуд.
1421Чорабинии идонаро сардори факултет, н.и.ҳ., полковники милитсия Ғафурӣ М.С. ҳусни ифтитоҳ бахшида хозиринро бо таҷлили Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд. Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо дар саросари Ҷумҳурии азизамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил шуда истодааст.
1422Парчам яке аз рамзҳои давлатӣ буда, нишонаи ҳастии кишвари соҳибистиқлол мебошад. Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодони сарбаландамон мерос мондааст. Агар ба рамзҳои Парчами миллӣ назар намоем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардум аст.
1423Инчунин дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия Ғаффурӣ М.Ғ., дар мавзӯи «Аз таърихи парчамдории тоҷикон» бо маърӯза баромад намуда, дар суханрониаш таъкид кард, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек, давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад. Пас аз суханронии баромадкунандаҳо Парчами миллӣ аз ҷониби курсантони курси дуюм ба саҳни майдони сафороӣ бароварда шуда, чорабинии идона бо гузашти низомӣ анҷом ёфт.
Самадзода И.А., капитани милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...