Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Академияи ВКД
Забондонй ба волой расонад,
Зи гумрохию нодонй рахонад.
Касе к-у беш омузад забоне,
Расидан бар муроди дил тавонад.
Оре, забондонӣ-ҷаҳондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар ҳама гуна лаҳзаҳои ҳаёт чи ғаму дард ва чи хушию шодмонӣ инсонро ёвару мададгор, дилбардору эҳсосгар аст. Донистани забони ғайр миллатро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад. Сарбаланду боифтихор аст, фарде, ки донандаи чандин забон асту ҳеҷ гоҳ дар ягон маврид дар намемонад. Забондонӣ дар ягон давру замон падидаи номатлуб нахоҳад буд. Он ҳамеша зарур, поянда ва боиси ифтихори баланд буда, шахси забондон чун шамъи равшангар ва маҷлисорои ҳамаи анҷуманҳо мебошад. Роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дарсҳои иловагӣ, чорабиниҳои гуногун: викторина маҳфилҳо, мизи мудаввар, семинар, дарсҳои кушоду намунавӣ, таҷлили ҷашнвораҳо, чорабиниҳои фарҳангию адабӣ, маҳфилҳои илмии кафедраҳоро бо се забон (давлатӣ, русӣ, англисӣ) ба роҳ мондан имрӯз дар Академияи ВКД ба ҳукми анъана даромадааст. Инчунин, озмуни забономӯзӣ байни курсантони муассисаҳои таълимии ВКД низ соли панҷум аст, ки дар Академияи ВКД ҷамъбаст мегардад. Зикр намудан ба маврид аст, ки иқдомҳо бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» роҳандозӣ гардидааст. Зеро рӯ овардан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир хеле муҳим буда, барои дастрас ва азхудкунии маълумоти зарурӣ оид ба самтҳои мухталиф, аз ҷумла, тартиби самаранок истифодабарии техникаву таҷҳизотҳои навин мусоидат менамояд.
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки курсантони курси якум ва дуюми Академияи ВКД маҳфили илмии курсантон “Забондон” таҳти унвони “Дирафши Коваи оҳангарӣ, эй Парчами миллӣ” бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Курсантон аз таърихи Парчам ва асрори он, ки яке аз муҳимтарин ва намоёнтарин рамзи мардуми ватандӯст ва озодию истиқлоли кишвар аст, бо маҳорати баланди забондонӣ суханронӣ намуданд. Дар фарҷом курсантоне, ки маҳорати баланди забондонӣ (русӣ ва англисӣ) нишон доданд, сазовори мукофотҳо гардиданд.
Азиза Давлатшоҳзода
полковники милитсия