Маълумотнома доир ба вохурии кормандони филиали иттифоқи кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳри иҷрои Нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар соли таҳсили 2024 – 2025 таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ», санаи 21.11.2024 соати 14 00 дар толори маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда, аз ҷониби муовини филиали иттифоқи кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Абдуллозода Абдуҷамил, мутахасиси кор бо занон дар вилояти Суғд, Хоҷаева Зуфнуна, мудири шуъбаи ташаккули тарбияи тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд, Тоҷибоева Муҳайё ва Сархатиби масчиди Нури ислом дар шаҳри Хуҷанд, Абдуллоев Акмалхон дар доираи мавзуи матраҳшаванда доир ба самтҳои фаъолияти хизматии худ суханронӣ намуданд.
Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд.
Қисми таълимии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҷурии Тоҷикистон