Таасуроти афсарон ва курсантон аз намоишномаи театрӣ
Дар Академияи ВКД дар баробари ба курсантон ва шунавандагон омӯзонидани барномаи таълимӣ анъанае роиҷ аст, ки зимни ҳар давраи хониш ба тамошои осорхона, сайругашти мавзеъҳои таърихӣ, боғу гулгаштҳои навбунёд ё иншоотҳои дар замони истиқлолият бунёдгардида ҷалб намуда, ҷахонбинӣ ва маърифати фарҳангии онҳоро баланд мебардоранд.
Бо дастуру супориши сардори Академияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло, санаи 19.ноябри соли ҷорӣ афсарон ва курсантони Академияи ВКД бо роҳбарии муовини сардори Академия полковники милитсия Шарифзода М.С., ба Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи А. Лоҳутӣ рафта мазҳакаи « Падар бояд зан гирад» - ро тамошо намуданд. Намоишномаи театрӣ “Падар бояд зан гирад” - и Х.Холиқов мазҳакаи иҷтимои буда, фарогири масъалаҳои хонаводагӣ, муносибати фарзандону волидон, гиромидошти ахлоқу одоб ва расму ойинҳои миллӣ мебошад. ки дар хислати персанажҳо хело зинда иникос гардид.
Ҷоиз ба таъкидаст, ки намоишномаи «Падар бояд зан гирад»-ро ҳунарманди тоҷик Асалбек Назриев, Султонмурод Бобомуродзода, Салоҳиддин Шукуров, Мастура Ортиқзода, Боймурод Ҳаитов, Бухвалӣ Ғуломҳайдарзода, Зулхумор Иброҳимова, Маҳмадӣ Мирзоалиев, Малика Азизмамад, Нозанин Турақулзода, Суҳроб Эгамназарзода ва Сония Наврузова образҳои мазҳакаро бо маҳорати баланд, таъсирбахш иҷро намуданд.
Саида Сафарова
Шавкат Убайдуллоев