Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!

1386Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар низоми давлатдории мо, дорои аҳамияти бузург мебошад. Бори аввал 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон, ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, дар гузаштаи таърих борҳо давлатҳои бузурги худро бо тамоми рукнҳояш арзи ҳастӣ бахшидааст, ки Дирафши Ковиён ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар ин миён нақш ва мавқеи хоса дошт ва он дар Ливои Президенти кишвар имрӯз ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо тасвир ёфтааст.
Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Пӯшида нест, ки рангҳои парчам тасодуфан интихоб нашудаанд. Ҳар яки он маънои амиқ дорад. Агар ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум бошад, ранги сафед – рамзи покӣ, фаровонии барфу кӯҳҳои баланди кишвар ва боигарии асосии мамлакат – пахта аст. Ранги сабз – рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин,рамзи шукуфоии кишвар буда, инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлат ва соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу суббот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид мақоми қонунӣ гирифта он дар сатҳи баланд, бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Бояд дарҷ намуд, ки 20 – уми ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ёфтааст, ба имзо расид ва он дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расида, мавриди амал қарор гирифт.
Мутобиқи қонуни қабулгардида ҳар сол 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва яке аз рамзҳои асосии давлат қабул карда шудааст.
Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан зарур аст, зеро рамзҳои давлатӣ муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд мояи ифтихор бошад.
Парчами ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои байналхалқӣ ҷилвагар менамояд. Аз ҷумла, пешниҳодҳои созандаву саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои гуногуни глобалӣ боиси ифтихори мо - тоҷикон мебошад. Дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои дунё парафшон аст.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти милливу давлатӣ халқу миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Он ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоишта, сулҳу субот ва мубориза баҳри соҳибистиқлолӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсҳои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати ҷавону тозаистиқлоле дар дили Осиё бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда мерасонад.
Орзуманди онем, ки ба бахти мо мурғи саодати миллати маҳбуб доимо болафшон ва Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон бошад.
Дар само чун ёру анбози фаришта,
Ҳамдаму ҳамсозу ҳамрози фаришта,
Боли ӯ чун боли парвози фаришта,
Ҷилваҳояш ҷилваи нози фаришта,
Парфишони Парчами давлат муборак!
Бахти миллат, давлати миллат муборак!
Бигзор Парчами Тоҷикистон болои сари миллату давлати тоҷикон, ҳамчун мояи ифтихору сарсабзӣ ҷилвагар бошад!

Муаллими калони кафедраи
мурофиаи ҷиноятии факултети № 2
капитани милитсия
Сулаймонзода Рустами Неъматуло

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...