Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миззи мудаввар бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ва 30 солагии таъсисёбии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуҳои «Мақсад, принсип ва моҳияти ҳамкории милитсия бо ҷомеа» ва «Ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳамчун вазифа ва уҳдадории милитсия»

1385Дар даврони истиқлолият дар кишвар як зумра сохторҳои нави ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ таъсис ёфтанд, ки дар ҷобаҷогузории кадрҳои онҳо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун як институти кадрӣ истифода карда шуд. Дастпарварони Вазорати корҳои дохилӣ дар мақоми баланди идораҳои муҳими давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла, Дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, вакилони Парлумони кишвар ва ғайра содиқона фаъолият менамоянд.
Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид. Акнун ҳар сол дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомат ва шукргузорӣ аз неъмати истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия дар соли 2014 чунин ёдовар гардида буданд: «Вазорати корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст».
Инчунин бо мақсади таҷлили иди касбии аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон миззи мудаввар бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ва 30 солагии таъсисёбии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯҳои «Мақсад, принсип ва моҳияти ҳамкории милитсия бо ҷомеа» ва «Ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳамчун вазифа ва уҳдадории милитсия» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти факултет, ҳайатӣ тағирёбандаи факултет, сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники милитсия Гардишзода Д.О. ва инчунин аъзоёни маҳфили Ҳомии тартиботи факултет ширкат варзида аз ҷониби якқатор иштироккунандагон дар мизи мудаввар баромад намуданд.
Сухани ифтитоҳии муовини сардори факултети №4Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю оид ба кушодашавии мизи мудаввар дода шуд.
Баъд аз кушодашавии мизи мудаввар аз ҷониби муовини сардори факултети №4Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю., баромадкунандаи навбатии мизи мудаввар сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъоляти маъмурӣ, н.и.ҳ., полковники милитсия Мирзоҳофизиён М.М., дар мавзӯи “Ман корманди милитсия ва фаъолияти фосилавӣ” буд. Баромадкунанда вобаста ба тарзу усулҳои фаъолияти фосилавии корманди милитсия баён намуда, пешниҳод карданд, ки лоиҳаи навъи муроҷиат намудани шаҳрвандон ба Мақомоти Корҳои Дохилӣ бояд бо тариқи фосилавии шабакаи интернети ба иҷро расонида шавад. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда сохторҳои он аз қисмҳои зерин иборат буд:
- фаъолияти фосилавии нозири минтақавии шумо;
- фаъолияти шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта;
- фаъолияти шуъбаи ноболиғон;
- фаъолияти назорати маъмурӣ;
- фаъолиятӣ шуъбаи милитсия;
- сабт кардан ва қабул намудани шаҳрвандон ба шуъбаҳои МКД;
- муроҷиати шаҳрвандон
Дар раванди мизи мудаавар баъд аз баромади сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъоляти маъмурӣ, н.и.ҳ., полковники милитсия Мирзоҳофизиён М.М., сухани навбати ба сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники милитсия Гардишзода Д.О., доир ба мавзӯи «Фаъолияти нозирони минтақавии милитсия дар огоҳикунонӣ ва пешгирикунонии ҳуқуқвайронкуниҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ»; додашуд.
Аз ҷониби сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники милитсия Гардишзода Д.О., доир ба мавзӯи «Фаъолияти нозирони минтақавии милитсия дар огоҳикунонӣ ва пешгирикунонии ҳуқуқвайронкуниҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ» зикр намуданд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1291 аз 30.06.2012 сол «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсияи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» муайян гардидааст, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат нисбат ба фаъолияти шабонарузии мақомоти корҳои дохилӣ бахусус нозирони минтақавии милитсия барои бозҳам хубтару беҳтар иҷро намудани вазифаҳои хизматии дар наздашон гузошташуда, равона карда шудааст.
Нозири минтақавии милитсия оид ба бурдани корҳои фардӣ-пешгирикунӣ бо шахсоне, ки дар қайди профилактикии ШВКД мебошанд, бояд чунин корҳоро ба анҷом расонад,( назорат аз болои):
-ҷинояткороне, ки аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ озод гардидаанд ва маҳкумшудагонеро, ки бемаҳрумият аз озодӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд;
-шахсоне, ки дар шароитҳои оилавӣ мунтазам ҳуқуқвайронкуниҳо содир намудаанд;
-шахсоне, ки дорои бемориҳои вазнини рӯҳӣ, майзадагӣ ва беиҷозати муассисаҳои тандурусти ба истеҳмоли маводи нашъадор, моддаҳои мадҳушкунандаи психотропӣ машғуланд, инчунин шахсонеро, ки дар муассисаҳои тандурустӣ дар табобат шомил буда, мунтазам ҳуқуқвайронкунӣ содир менамояд;
-ташкилкунандагони фоҳишахонаҳо, марказҳои дилхушӣ, шахсоне, ки ба даллагӣ сарукор доранд;
-шахсоне, ки тибқи маълумотҳои муассисаҳои тандурустӣ дорои бемориҳои вазнин руҳи буда, ба ҳаёт ва саломатии худ ва атрофиён, хатарнок буда, хавфи ҷамъиятӣ доранд;
-ноболиғони ҳуқуқвайронкунанда ва душвортарбияе, ки дар қайдҳои Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонони МКД ба қайд гирифта шудаанд;
шахсоне, ки дар минтақаи хизматии милитсия барои содир накардани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ огоҳкунии мунтазам ва махсусро талаб доранд;
-хабар, маълумот ва дигар дархостҳоро, оид ба гузаронидани корҳои инфиродӣ бо гурӯҳи шахсони дар болозикршуда ба системаи автоматикӣ ворид намояд;
- корҳоро дар самти мазкур дуруст ба роҳ монад ва барои пешгирӣ намудани кирдорҳои ношоиста ва зидддиҳуқуқӣ ба воситаи шахсоне, ки майли ислоҳшуданро доранд, маълумот ҷамъ оварда, дар фаъолияти хизматӣ бо мақсади пешгирии кирдорҳои номатлуб аз тарафи шахсони зикршуда корҳои пешгирикуниро гузаронад;
- бо шахсони дар қайди профилактикӣ қарордошта мунтазам корҳои огоҳкунии инфиродиро мутобиқи принсипи ягонаи корбарии мақомот дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқукӣ ба роҳ монад;
- нисбати шахсони дар қайди инфиродии мақомот қарордошта, варақаи бақайдгирӣ ва маводҳои ҷамъоварӣ тартиб диҳад;
Ҳамин тавр моҳияти профилактикии инфиродӣ аз ҷониби нозири минтақавии милитсия - дар худ ошкор намудани шахсонеро, ки аз онҳо содир намудани ҷиноятро интизор шудан мумкин аст, бақайдгирии онҳо, назорати доими аз рӯи рафтор ва тарзи ҳаёти чунин шахсон ва қабул намудани чораҳои зарурӣ оид ба роҳ надодани ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи онҳоро дарбар мегирад.
Чӣ тавре, ки дар боло қайд намудем нозирони минтақавии милитсия таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ дар минтақаи ба онҳо вобасташударо ҳамасола ба иҷро расонанд. Пас аз баохир расидани баромади худ аз ҷониби омӯзгорон ва аъзоёни маҳфили ҳомии тартибон саволуҷавоби дахлдор оиди тарзу усулҳои фаъолияти нозирони минтақавии милитсия гузаронда шуд ва бо ҳамин раванд маҳфили муқарраргардида бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ва 30 солагии таъсисёбии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯҳои «Мақсад, принсип ва моҳияти ҳамкории милитсия бо ҷомеа» ва «Ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳамчун вазифа ва уҳдадории милитсия» ба итмом расид.
Мақсад аз баргузории маҳфил барои баланд бардоштани савияи дониши курсантон дар фаъолияти кормандони милитсия ва ҷалби онҳо барои донишандӯзи ва баланд кардан сатҳи савияи донишҳои худ дар раванди таҳсилро дар бар мегирифт.

Муаллими кафедраи ҳуқуқи
маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ,
лейтенанти калони милитсия:
Музафарзода Ё.М.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...