Тадқиқи таърихнигории милитсияи тоҷик дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: назари муқоисавӣ - таҳлилӣ
Яке аз масоили мубрам ин омӯзиш ва тадқиқи таърихнигории милитсияи тоҷик дар тӯли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки маҳз олимони тоҷик дар ин давра фурсат пайдо намуданд, ки ба он пурра машғул шаванд.
Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Комиссариати халқии корҳои дохилӣ-КХКД) Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи расмии фаъолияти худро 6-феврали соли 1925 дар бинои имрӯзаи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шурӯъ намуд.
Аммо ба ақидаи профессор Розиқзода А.Ш. мақомоти милитсия (политсия) - и Тоҷикистон дар ибтидои таъсисёбӣ ба се давраи таърихӣ ҷудо мешавад: давараи якум-солҳои 1917-1924 дар қисмати шимоли Тоҷикистон ва Бадахшони Куҳӣ дар ҳайати генерал-губернатории Туркистон; давраи дуюм 1920-1924 дар Бухорои шарқӣ дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро; давраи сеюм 1924-1929 баъд аз тақсимоти мамурӣ-марзии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон.
Маълумотҳо дар бораи фаъолияти политсия дар аморати Бухоро ба ҳайси «миршаб» маълум буданд, ки дар ин бора маорифпариари бузурги тоҷик Аҳмади Дониш (1827-1897) дар асарҳояш маълумот додааст. Миршаб ҳамчун «полисмейстер» бар зидди дуздӣ, авбошӣ, тангаҳои қалбакӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мубориза мебурд. Сохтори таъмини тариботи ҷамъиятӣ дар нимаи дуюми асри 19 ва асри 20 дар асарҳои олимони рус аз қабили Семенов А.А., Арандаренко Г.А., Липский В.И., Логофет В.И., Маев М.А., Снесарев А.Е., Стремаухов Н., Хаников Б. ва дигарн инъикоси худро ёфтааст. Дар бораи фаъолияти политсияи тоҷик то инқилоб дар Хуҷанд Стеско И.А., Турсунов Х.Т., Каримов Т.Р., Б.Ғафуров, Искандаров Б.И., Раҷабов З.Ш., Мулукаев Р.С низ иттилои васеъ доданд.
Соли 1924 моҳи сентябр дар назди Коммисариати Халқии Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии мухтори Туркистон бо роҳбарии Петров Г. «Комисияи Марказии муратабсозии милитсияи коргару деҳқони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Мухтори Туркистон» таъсис дода мешавад, ки бинобар сабаби тақсимоти мамурӣ - марзии Осиёи Миёна он мутаасифона пурра амалӣ намегардад.
Ба омӯзиши таърихи милитсияи тоҷик солҳои 60-уми асри 20 Мотилёв Я.С., Лисенко Е.А. машғул шуда, якчанд очеркҳои публисистӣ ба нашр расид, ки паҳлуҳои гуногуни номаълуми таърихи милитсияи Тоҷикистон ошкор гардид.
Аз соли 1867 то соли 1929 политсия дар қисматҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Тоҷикистони ҷанубу шарқӣ, Бадахшони Куҳӣ, вилоятҳои Самарқанд, Фарғона фаъолият дошт. Дар ин бора якчанд ҳуҷҷатҳои бойгонӣ «Комиссияи диктатории фавқулодаи КМИБ оид ба парвандаҳои Бухорои Шарқӣ (Маълумоти бойгонӣ: Ф.Р-1), «КМИ Бухорои Шарқӣ (Маълумоти бойгонӣ: Ф.Р-2), «Раёсати Марказии муҳофизаи Бухорои Шарқӣ», «Кумитаи иҷроияи шӯроикоргарон, деҳкононва аскарони сурхи вилояти Душанбеи Бухорои Шарқӣ (Маълумоти бойгонӣ: Ф.Р-6) нигоҳдорӣ шуда, дар бораи тартиби фаъолияти милитсия (политсия) дар ин солҳо иттилоъ медиҳанд.
Милитсияи тоҷик дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ҳайати милитсияи Шуравӣ фаъолият намуда, то замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9- сентябри соли 1991) ҳамчун милитсияи Шӯравӣ муаррифӣ карда мешуд.
Фаъолияти милитсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта хусусиятҳои ба худ хосро касб намуда, марҳила ба марҳила инкишоф меёфт. Паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти милитсияи тоҷик дар асарҳои доктори илми ҳуқуқшиносӣ Раҳимзода Р.Ҳ. « Фаъолияти оперативӣ-ҷусуҷӯӣ: таърих ва давраи муосир» , доктори илми таърих Розиқзода А.Ш.- «Таърихи ташаккул ва фаъолияти милитсияи Тоҷикистон» , доктори илмҳои ҳуқуқ Назаров Н.Ҷ.- «Милитсияи Тоҷикистон дар шароити истиқлолият ( 1991-2009)», доктори илмҳои таърих Назаршоев Н.М. - «Таърихи ҳарбии Тоҷикистон» , доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Зоир Ҷ.М.- «Заминаҳои ҳуқуқии пайдоиш ва инкишофи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯи дар Тоҷикистон» , номзади илмҳои таърих, Имомёрбеков А.- «Дар роҳи адолат» , номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қосимов Ф.М.- «Ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯи дар Тоҷикистон», номзади илмҳои таърих полковники мустаъфӣ Абдулов А.М.- «Асосҳои ҳуқуқӣ ва амалияи низоми пенитенсиарии Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ» ва дигар олимони ватанӣ ба таври васеъ дарҷ гардидаанд.
Аз рӯи маълумотҳои таърихӣ инқилоби февралии буржуазӣ- демократии соли 1917 дар кишвари Русия сохти мутлақиятро барҳам зада бошад ҳам, ҳанӯз гурӯҳҳои манфиятдоре мавҷуд буданд ва мехостанд, ки сулолаи «Романовҳо» - ро дастгирӣ намоянд, алалхусус дар ин шароити мураккаб политсияи Ҳукумати подшоҳӣ ба ҳар роҳ мехост, ки мутлақиятро нигоҳ дорад, аммо мардум дигар ба сохти кӯҳна созгор набуд ва дар натиҷаи ғалабаи Инқилоби февралии буржуазӣ - демократӣ дар Русия мутлақият аз байн рафт. Дар ин шароити таърихӣ нерӯҳои англис, франсавӣ бо русҳои тарафдори Шоҳ Николаи ду забон як карда мехостанд, ки сохти дастгоҳи давлатии кӯҳна аз қабили политсия, артиш ва амалдоронро нигоҳ доранд.
Ҳукумати муваққатӣ, ки аз тазоҳуротҳои инқилобӣ тарс дошт 6- марти соли 1917 қарор дар бораи барҳам додани корпуси жандармҳо, 10- марти соли 1917 бошад қарори барҳам додани департаменти политсияро қабул намуд.
Политсия ба милитсияи халқӣ табдил дода шуд, ки роҳбаронаш интихобӣ буда, ба мақомоти идоракунии маҳаллӣ тобеъ буданд. Дар ҷобаҷо гузории кадрҳо аз сабаби нарасидани кадрҳои босавод ва ботаҷриба, 15 марти соли 1917 Ҳукумати муваққатӣ дар бораи ба кор қабул намудани кадрҳои сазовор аз ҳисоби политсия ва корпуси жандармерӣ низ қарор қабул намуд.
Асосҳои ҳуқуқии ташкили милитсияи Ҳукумати муваққатӣ бо қарор «Дар бораи таъсиси милитсия» ва Низомномаи муваққатии милитсия 17- апрели соли 1917 тасдиқ карда шуд. Сентябри соли 1917 ба милитсияи шаҳри Петроград фармон дода шуда буд, ки В.И.Ленинро кофтуков намуда, ба ҳабс гиранд.
Болшевикон аз ин норозигӣ баён намуда, мехостанд, ки дар милитсияи Ҳукумати муваққатӣ мавқеи бештар дошта бошанд ва шаклҳои гуногуни милитсияи пролетариро созмон диҳанд. 1 - майи соли 1917 дар губернияи Нижегород қарори махсус қабул гардид, ки Шурои депутатҳо дар деҳот милитсияро таъсис дода, барои ба кор қабул намудани кормандони пештараи политсия имконият надиҳанд.
Ба қатори милитсияи Ҳукумати муваққатӣ ворид шудани тарафдорони Инқилоб бисёр буданд, яке аз онҳо сардори милитсияи Гелсингфорс сотсиал-демократи финнӣ Густов Семенович Ровно буд, ки дар хонаи истиқоматиаш В.И.Ленинро баъд аз Разлив пинҳон карда буд. Ӯ алоқаи Ленинро ба Петроград ва Кумитаи марказии ҳизби болшевикӣ доимо нигоҳ медошт.
Дар шаҳри Уфа охири апрели соли 1917 муовини сардори милитсияи шаҳрӣ П.И.Звенсов таин шуд, ки аз соли 1908 аъзои ҳизби болшевикӣ буд. Дар шаҳри Минск М.В. Фрунзе бо фамилияи Михайлов 4 марти соли 1917 бо фармони коменданти Минск сардори «Милитсияи Умумироссиягии Иттифоқи Земский оид ба тартиботи ҷамъиятии шаҳр» таъин гашт. Бо роҳбарии вай политсияи пештара беяроқ гардонида шуда, раёсати жандермерия барҳам дода шуда, раёсат ва участкаҳои милитсия таъсис дода шуданд. Милитсияи шаҳрии Минск ба ҳимояи меҳнаткашон гузошт ва зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ мубориза оғоз кард.
Аввалин консепсияи ташкили милитсия моҳи марти соли 1917 дар асари Ленин «Мактубҳо аз дур» чунин дарҷ гардид: «Милитсия воқеан ҳам бояд халқӣ бошад, ба мардум хизмат намояд, аз ҳисоби калонсолони ҳарду ҷинс таъсис дода шуда, дар худ функсияҳои милитсияи халқӣ ва функсияи политсияро муттаҳид намуда, ба мақомоти асосии тартиботи давлатӣ ва идоракунии давлатӣ табдил дода шавад».
Масъалаи ташкили милитсия ба уҳдаи худи коргарону вогузор карда шуд, ки ба Шурои депутатҳои коргарон ва аскарон тобеъ карда шуд. Минбаъд милитсия набояд хусусияти назариявӣ, балки амалӣ дошта бошад. 100 корманди милитсия барои 1000 коргар созмон дода шуд, ки онро милитсияи коргарӣ номиданд. Милитсия ҳам корхонаҳои саноатӣ ва ҳам тартиботи ҷамъиятиро назорат мебурд. Дар шаҳр асосан ба намудҳои гуногуни ҷинояткорӣ, махсусан бо ғоратгарону дуздҳо мубориза мебурд. Кормандони милитсия саводи касбӣ надоштанд, аз ин лиҳоз дар кушодани ҷиноятҳо ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешуданд. Дар деҳот бошад дастаҳҳои мусаллаҳи милитсия таъсис дода шуданд.
Милитсияи Ҳукумати муваққатӣ баъд аз ғалабаи Инқилоби Октябр 25 октябр (7 ноябр) соли 1917 барҳам дода шуд. Барҳам хурдани дастгоҳҳои милитсияи Ҳукумати муваққатӣ хусусиятҳои ба худ хосро дошт. Дастгоҳи марказии он баъди Инқилоби Октябр ба дасти Шуроҳҳо (Советҳо) гузошт. Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати корҳои милитсия 2- декабри соли 1917 барҳам дода шуда, Комитетҳои ҳарбӣ - Инқилобӣ таъсис дода шуданд. Дар Петроград вазифаи комиссари милитсия барҳам дода шуда, Шуроҳо комиссияи ҳифзи тартиботи Инқилобиро таъсис доданд. Бо ширкати Ф.Э. Дзержинский комиссияи махсуси аз навташкилкунии ҳифзи шаҳр созмон дода шуда, милитсияи кӯҳна барҳам дода шуд ва ба ҷои он милитсияи нав бунёд гашт. 14 - январи соли 1918 Шӯрои депутатҳои Невижа қарор қабул кард, ки Гвардияи сурх метавонад, милитсияро ҳифз намояд.
Ба ҳайати Совети комиссарони халқӣ, Комиссарияти халқии корҳои дохилӣ (КХКД-НКВД) ворид буд, ки вазифаҳои сохтмони Шуроҳоро дар ҷойҳо ва ташкили ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба ӯҳда дошт. Аввалин Комиссари корҳои дохилӣ Г.И. Петровский таъин карда шуд, ба Шурои мушовара (коллегия) Ф.Э. Дзержинский, М.С.Уритский ва дигарон дохил буданд. 28 октябр (10- ноябр) соли 1917 Комиссарияти халқии корҳои дохилӣ қарор «Дар бораи таъсиси милитсияи коргарӣ» - ро қабул намуд.
Дар қарори мазкур гуфта мешуд:
1.Ҳамаи Шуроҳои депутатҳои коргарон ва аскарон, милитсияи коргариро тасдиқ менамоянд.
2.Милитсияи коргарӣ мутлақо ба Шурои депутатҳои коргарӣ ва аскарон тобеъ мебошад.
3.Ҳокимияти ҳарбӣ ва гражданӣ уҳдадоранд, ки ба милитсияи яроқноки коргарӣ мусоидат намоянд ва бо таҷҳизоти техникӣ ва яроқ онро таъмин намоянд.
4.Қонуни мазкур ба воситаи телеграф равон карда шуда, ба ҳукми амал медарояд.
Дар давраи оғози фаъолияти Комиссариати халқии корҳои дохилӣ Г.И.Петровский корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Раиси КФУ (Комиссияи фавқуллодаи умумироссиягӣ - ВЧК) Ф.Э. Дзержинский ва Г.И. Петровский, ки аъзои ҳайати мушовараи (коллегия) КХКД (Комиссарияти халқии корҳои дохилӣ - НКВД) буданд, мунтазам фаъолияти худро ҳамоҳанг месохтанд.
Баъди танҳо 5 – моҳи фаъолияти Комисиариати халқии корҳои дохилӣ (КХКД-НКВД) моҳи марти соли 1918 бо пешниҳоди комиссари корҳои дохилӣ Г.И.Петровский масъалаи ташкили воҳидҳои хизматии милитсия гузошта шуд. 21- марти соли 1918 дар маҷлиси Шурои комиссарони халқ масъалаи пешниҳоди Низомномаи милитсияи оммавӣ, ҳамчун мақомоти коргару деҳқон, ки ҳимоятгари ҳуқуқ ба манфиатҳои меҳнаткашон мебошад гузошта шуд. 10- майи соли 1918 ҷаласаи мушовараи Комисариати халқии корҳои дохилӣ (ККД-НКВД) чунин қарор қабул намуд: «Милитсия ҳамчун воҳиди доимии шахсоне мебошад, ки функсияҳои махсусро иҷро менамояд, ташкили милитсия бояд новобаста аз ташкили Артиши Сурх гузаронида шуда, вазифаҳои онҳо ба таврӣ қатъӣ ҷудо карда шаванд». 5- июни соли 1918 дар Ахбори КХКД (НКВД) Низомномаи муҳофизи халқии коргару деҳқон (милитсия) чоп шуд, ки дар он аз ҷумла омада буд: «Барои ҳифзи тартиботи инқилобӣ муҳофизи халқии коргару деҳқон (милитсия) дар асоси баҳшҳои доимамалкунанда тасдиқ карда шавад».
Ташкили милитсия аз кори ҳарбӣ комилан фарқ карда, ҷудо карда шуда, ба Низомнома мувофиқ гардонида шуд. 12 - октябри соли 1918 КХКД (Комиссариати халқии корҳои дохилӣ - НКВД) ва Комиссариати халқии мудофиа Дастураамали ташкили милитсияи коргару деҳқонро тасдиқ намуданд. Ҳамин тавр дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ мақомоти милитсия таъсис ёфт.
Баъд аз Ғалабаи Инқилоби халқии Бухоро (2- сентябри соли 1920), ба ақидаи профессор Розиқзода А.Ш. 10 – октябри соли 1920 ба Нозироти корҳои дохилӣ уҳдадориҳои ташкил ва идораи милитсия гузошта шуд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои тӯлонӣ ва заҳматталаби доктори илми таърих, генерал- лейтенанти милитсия Розиқзода А.Ш. чашмандозӣ ба бойгониҳои шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Москва собит намуданд, ки калимаи милитсия дар ҳуҷчатҳои бойгонӣ аз соли 1916 ин ҷониб дар қисмати шимолии Тоҷикистон ба назар мерасанд. Барпо шудани Ҳокимияти Шуравӣ дар қисмати шимолии Тоҷикистон аз ноябр - декабри соли 1917 оғоз ёфт. Дар ин солҳо дастаҳои аввалини милитсия дар Уротеппа, Хуҷанд алакай таъсис ёфта, амал мекарданд. Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» нисбати Рӯзи милитсия тағйирот ворид карда шуда, санаи 6 – феврал ба 10 – ноябр гузаронида шуда, ба қавли профессор Розиқзода А.Ш. «Иштибоҳи таърихӣ бартараф шуд».
Саҳми мақомоти милитсияи тоҷик дар давраи таъсисёбияш дар саҳифаҳои таърихи миллат ҷои намоёнро ишғол менамояд. Аз ҷумла тибқи тадқиқотҳои илмии олимон, академик Бобоҷон Ғафуров, Аҳрор Мухторов, Раҳим Масов, Намоз Ҳотамов, Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Солиев Карим Ҳоҷиевич, Розиқзода Абдулҳаким, Зоир Ҷурахон Маҷид, Носир Назарзода, Файзалӣ Шарифзода, Зикрулло Саидзода, Қосимов Файзалӣ, Самиъзода Бахтиёр қаҳрамонии милитсияи тоҷик ва саҳми он дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва барқароркунии сохти Шуравӣ ва солҳои Истиқлолияти давлатӣ хеле бузург мебошад.
Дар ин ҷода дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимон ва муҳаққиони ин соҳа таҳти роҳбарии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Насуриён П.А. тадқиқотҳои беназир гузаронида мешаванд. Фанни «Таърихи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ», аз ҷумла таърихи милисияи тоҷик ба курсантону шунавандагон омӯхта мешавад. Аз ин лиҳоз чандин монографияҳо, маҷмӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ доир ба таърихи милитсияи тоҷик ва фаъолияти он ба нашр расидаанд. Мақомоти милитсияи Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш ба ақидаи муҳаққиқи барҷастаи таърихи милитсияи тоҷик Розиқзода А.Ш. тамоми фаъолияти худро бар зидди ҷинояткорӣ, муҳофизат ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, омӯзиши ҷинояткорӣ ва коркарди усулҳои мубориза ба унсурҳои ҷиноятӣ равона намуда буд. Ин саҳифаҳои таърихи муборизаи милитсияи Тоҷикистон ба замони Шуравӣ рост меомад, ки қувваҳои аксулинқилобӣ бар зидди ҳокимияти Шуравӣ баромад мекарданд. Ҳарчанде, ки андешаҳо атрофи ин масъала тобишҳои навро ба худ гирифта бошанд, ҳам ҳеҷ гоҳ саҳифаҳои дурахшони милитсияи Тоҷикистон аз мадди назари таърих дур нахоҳад монд ва ин як давраи томи таърихӣ аст, ки мақомоти милитсияи тоҷик - ҳамчун милитсияи Шуравӣ фаъолият менамуд. Дар ин солҳо мақомоти милитсия дар якҷоягӣ ба таври муштарак бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурдааст. Гурӯҳи муаллифони рус таҳти роҳбарии Коситсин А.П. давраҳои муборизаи макомоти милитсияи Шуравиро чунин тақсим намуданд:
Давраи якум, солҳои – 1917-1936;
Давраи дуюм, солҳои – 1936- 1977;
Давраи сеюм, солҳои- 1977- 1987.
Дар давраҳои гуногуни таърихӣ милитсияи Шуравии Тоҷикистон бар зидди чунин намудҳои ҷиноятҳо мубориза бурдааст:
- мубориза бар зидди қувваҳои аксулинқилобӣ;
- ҷиноятҳои иқтисодӣ;
- мубориза бар зидди маводи нашъадор;
- дуздӣ ва ғоратгарии молу мулки ҷамъиятӣ ва давлатӣ;
- ҷиноятҳои мансабӣ;
- ҷиноятҳои маишӣ;
- қочоқ дар сарҳадот;
- фаъолияти зиддидавлатӣ ва таъсиси гурӯҳҳои яроқнок.
Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар мади назари мақомоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ меистод. 5-уми феврали соли – 1925 сохтори дастгоҳи кофтукови ҷиноятии мақомоти милитсияи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон коркард шуда, нақшаи муборизаи зидди ҷинояткорӣ кашида шуд. Натиҷаҳои аввали мубориза бар зидди ҷинояткорӣ хеле ҳам назаррас буданд, ки зарари иқтисодӣ ба маблағи 8-ҳазор рубли ҳамонвақта ба хазинаи давлат баргардонида шуд. Ҷинояткорон бошанд ҷазои сазовор гирифтанд. Гарчанде, ки таъминоти молиявӣ ва хоҷагии мақомоти кофтукови ҷиноятӣ душвориҳо дошт, ба ин нигоҳ накарда, милитсияи тоҷик бар зидди ҷинояткорӣ муборизаи беамон мебурд. Танҳо аз октябри соли- 1925 то феврали 1926 дар шаҳри Душанбе 133 - ҷиноят содир шуда буд, ки аз онҳо 48 дуздӣ, 5-то ғоратгарӣ, 12-то куштор ва дигар боқимонда ҷиноятҳо буданд, ки аз онҳо ҳамагӣ 67-то ҷиноят кушода шуда буданд.
Душвориҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар он буд, ки мутахасисони тоҷик дар мақомоти милитсия намерасиданд, дар мақомоти кофтукови ҷиноятӣ низ воҳидҳои корӣ ва кадрҳои миллӣ кам буданд. Бисёриҳо бошад ба кори мақомоти кофтукови ҷиноятӣ сарфаҳм намерафтанд. Муассисаҳои таълимии тайёр кардани кадрҳо мавҷуд набуд. Ба душвориҳои мавҷуда нигоҳ накарда, мақомоти милитсияи тоҷик дар солҳои аввали таъсисёбии худ тамоми чораҳоро бар зидди ҷинояткорӣ равона намуда, дар мустаҳкам намудани пояҳои давлати Тоҷикистон саҳми бузург гузошт.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) яке аз мудҳиштарин саҳифаҳои таърихӣ буда, дар он тамоми халқҳои собиқи Шуравӣ аз ҷумла халқи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошта, ҳам дар фронт ҳам дар ақибгоҳ барои таъмини он ҷонсупорӣ намуданд. Махсусан милитсияи Тоҷикистон дар ин солҳо хеле фаъолона амал карда, кулли кормандони он ихтиёрӣ ба сафҳои Артиш ба фронт раҳсипор шуданд. Қисмати боқимонда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, душманони дохилӣ ва хориҷӣ муборизаи беамон бурданд. Комиссариати халқии корҳои дохилӣ як чанд фармонҳо ба тасвиб расонд, ки фаъолияти миллитсияро дар давраи ҷангӣ мушаххас гардонид. 7-июни соли 1941 чунин деректива қабул карда шуд, ки Комиссариати халқии корҳои дохилӣ метавонад дар дилхоҳ вақт бар зидди гурӯҳҳои диверсионӣ мубориза барад, ё ин ки онро муштарак бо Артиш амалӣ намояд. Бахусус ширкати фаъоли занон аз шаҳри Маскав оғоз гардида, 1300 нафар занон ба кори милитсия аз ҷониби кумитаҳои ҳизбӣ фиристода шуданд. Дар шаҳри Сталинград 20%- ҳайати шахсиро занон ташкил медоданд. Дар ин давра Сардори раёсати шиносномадиҳии Чумҳурии Тоҷикстон аз ҳисоби занон Е. Соколова буд.
Дар оғози ҶБВ Бригадаи алоҳидаи савораи тирандозӣ Комиссариати Халқии корҳои дохилӣ таъсис дода, шуд, ки 1084 амалиёти ҷангӣ гузаронида, 2045 гумоштагони немисро ошкор сохтанд.
Сардори дастаи Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (КХКД-НКВД) С.И. Солитсев роҳбари разведкаи даста буда, то охири ҷанг ба ситоди қушунҳои Артиш маълумотҳои нодирро пешкаш намуд, ки албатта чунин маълумотҳои оперативӣ дар торумор намудани фашизм мусоидат менамуданд.
Дар солҳои ҶБВ Лапин Михаил Парамонович соли 1941 КХКД (НКВД) Чумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Аз соли 1943 то соли 1950 ин вазифа ба дӯши Харченко Владимир Владимирович вогузор карда шуда буд. Самиев Сайдулло бошад солхои 40-50- ум муовини Раиси КХКД (НКВД) Тоҷикистон буд.
4-нафар намояндагони КХКД (НКВД) Тоҷикистон ба унвони олии Каҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гаштанд, инҳо Недошвин Венямин Григоревич, Шарипов Эргаш Косимович, Мирзаев Магомед, Новоселтсев Михаил Иванович мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти амалиётҳои ҷангӣ аксар роҳбарон ва кормандони милитсия аз ҷумла, сардори милитсияи шаҳри Душанбе Клипоченко Констонтин Денисович, сардори ШКД Балҷувон Дионнов Виктор Дмитриевич, сардори ШКД ноҳияи Данғара Трофим Гордевич ва садҳо дигар кормандони милитсия қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Ба шуъбаи кофтукови ҷинояти КХКД (НКВД) Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ Нигматуллин Ахмед роҳбарӣ мекард. Баъд аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ тағйиротҳои куллӣ дар сохтори КХКД (НКВД) ба вуҷуд омаданд.
Моҳи июни соли 1946 шуъбаи маъмурии Сарраёсати милитсия барҳам дода шуда, ваколатҳои он ба шуъбаи шиносномадиҳии Сараёсати милитсия дода шуд. КХКД (НКВД) ба ВКД табдил дода шуд.
Соли 1953 бошад ВКД мустақил гардида, қарорҳои ҳизбӣ ва давлатиро иҷро намуда, соли 1956 сохтори онро ба Шуроҳои депутатҳо ва Вазири корҳои дохилӣ тобеъ намуд. Моҳи январи соли 1960 Президиуми Шурои Олии ИҶШС, ВКД ИҶШС- ро барҳам дода, вазифаҳои онро ба ВКД ҷумҳуриҳои иттифоқӣ супорид, ки минбаъд ба Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ табдил дода шуданд.
Чи тавре, ки амалия нишон дод, чунин таҷдиди назари дастгоҳи марказии ВКД ИҶШС ба душвориҳои зиёди сохторӣ ва хизматӣ оварда расонид. Ҳамин тавр дар натиҷаи таҳлилҳои зиёд 26-июни соли 1966 Президиуми Шурои Олии ИҶШС фармонро дар бораи таъсиси «Вазорати иттифоқӣ - ҷумҳуриявии ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ИҶШС»- ро интишор намуд. Дар ҳайати он Сарраёсат ва раёсатҳои зерин таъсис ёфтанд:
- Сарраёсати милитсия;
- Сарраёсати ҷойҳои маҳбусон;
- Раёсати тафтишот;
- Сарраёсати қушунҳои дохилӣ;
- Сарраёсати ҳифзи сухтор.
Моҳи ноябри соли 1968 бо укази Президиуми Шурои Олии ИҶШС Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба Вазорати корҳои дохилии ИҶШС табдил дода шуд.
Дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Раёсатҳои корҳои дохилии кишвар ва вилоятҳо сохторҳои шуъбаҳои корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ ташкил карда шуданд, ки ваколати онҳо ба тамоми воҳидҳои хизматӣ паҳн мегашт.
ВКД ИҶШС ба тағйироти кулли сохторӣ мувоҷеҳ гашт. Дар феврали соли 1969 ба ҷои Сарраёсати милитсия, Сарраёсати мустақили кофтукови ҷиноӣ созмон дода шуд, инчунин дар баробари ин раёсатҳои зерин дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ созмон дода шуданд:
- Раёсати муборизаи зидди фуруши моликият;
- Раёсати инспексияи давлатии автомобилӣ.
Ҳамин тариқ, аз ибтидои солҳои 1940 то соли 1969 ВКД борҳо таҷдиди назар ва табдили ном намуда, вазифаи аслии худ – ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муборизаи зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандонро маркази фаъолияти касбии худ қарор дод, ки албатта ҳолати мазкур ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хос буд.
Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то нимаи аввали солҳои 90 – уми асри гузашта муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истифодаи он чандон нигароникунанда набуд, вале минбаъд бо ҷойи доштани омилҳои субъективӣ ва объективӣ, баъди шикасти давлати абарқудрати Шуравӣ ва истиқлолияти сиёсӣ, ба даст овардани Тоҷикистон, ҷанги таҳмиллии шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сар зад, ки дар натиҷа сабабгори фалаҷ гардидани кулли соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар гардид. Гурӯҳҳои ҷиноятпешаи байналмилалӣ бошанд, аз вазъияти муташанниҷи сиёсӣ ва суст гардидани пеш аз ҳама низоми ҳифзи сарҳади давлатӣ истифода намуда, тадриҷан роҳҳои пинҳонии қочоқи маводи нашъаоварро аз кишвари ҳамсояи Афғонистон аз худ намуданд. Аз ҳамон давра дар Тоҷикистон сатҳи ҷинояткориҳои марбут ба интиқол ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор рӯ ба афзоиш ниҳод ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомии Тоҷикистон бори аввал соли 1993 – юм 38 килограмм афюн ва соли 1996, нахустин маротиба 6 килограмм героин мусодира кардаанд.
Маводи мухаддире, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истеҳсол мешавад, асосан тариқи се масир интиқол меёбад: Масири «Балкан» — тариқи давлатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон (дар бисёр ҳолат аз Покистон ҳам мегузарад), Туркия, Юнон, Булғористон убур карда, ба Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ва аз он ҷо ба Аврупои Ғарбӣ интиқол меёбад. Маблағе, ки дар ин самт гардиш мехӯрад, тақрибан 20 млрд. доллар аст.Масири «Ҷануб» — тариқи ин масир маводи мухаддир ба минтақаҳои зиёд интиқол меёбад. Аввал тариқи роҳи хушкигард ба бандари Бандар -Аббоси Эрон ё Карочии Покистон, баъдан ба киштиҳо бор карда, ба Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Африка, Аврупои Ғарбӣ ва Марказӣ, Амрикои Шимолӣ интиқол меёбад. Аз сабаби афзоиш ёфтани талабот ба маводи мухаддир дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ин масир васеъ шуда истодааст. Масири «Шимолӣ»-тариқи давлатҳои Осиёи Миёна ба Федератсияи Русия интиқол меёюбад. Ин масир пас аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ боз шуд ва омили асосии ташкилшавии ин масир бесарусомониҳои дар он замон бамиёномада ҳисобида мешавад. Аммо тариқи ин масир миқдори ками маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон интиқол меёбад.
Баробари афзоиши миқиёси қочоқи маводи нашъадор Ҳукумати Тоҷикистон бо эҳсоси масъулият дар назди халқу Ватан ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ ба татбиқи чорабиниҳои маҷмӯӣ, ҷиҳати пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар оғоз намуд, ки мисоли равшан гуфтаҳои боло таъсиси воҳидҳои мустақил ва махсуси мубориза бо муомилоти ғайриқонунии виситаҳои маводи нашъаовар дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 1994 шуда метавонад. Бо дарки хатари интишори маводи нашъаовар ва таъсири он барои генофонди миллат ва умуман манфиатҳои миллӣ, Тоҷикистон муборизаи қатъиро бо муомилоти ғайриқонунӣ ва трансмиллии он оғоз намуд. Дар ин замина 12 – уми апрели соли 1996 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи чораҳои таъхирнопазир бобати пурзӯр намудани муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба имзо расид, ки заминаи асосии муборизаро ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ гузошт.
Пас аз имзои созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, дар соли 1997 раванди ба эътидол омадани вазъияти сиёсӣ – иҷтимоии кишвар оғоз гардид ва таъсири мусбии худро ба коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ, алалхусус ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро гузошт, ки он натиҷаи заҳмати азим ва саъю кӯшиши Асосгузори сулдҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат ва тамоми тоҷикистониён мебошад.
Ҳамсоягӣ бо яке аз истеҳсолкунандагони калонтарини маводи нашъаовари ҷаҳонӣ – Афғонистон, ки ҷумҳурии мо бо он сарҳади бештар аз ҳазор киллометраи дорои вазъияти мураккабтарини кӯҳсор мебошанд, Тоҷикистонро ба мамлакати мобайнӣ табдил дод. Аз ин хотир, Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти ин кишварро, ки дар он ҷанги бештар аз 30- сола идома ёфта, ва он ба манбаи асосии истеҳсолу паҳн кардани маводи нашъаовар табдил гаштааст, ба назар нагирифта наметавонад. Бинобар ин Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июли соли 1998 дар Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид бахшида ба маводи нашъаовар даъват намуд, ки дар атрофи Афғонистон «камарбанди зидди маводи нашъаовари амният» ташкил карда шавад. Ин мавзӯъ бори дигар дар Конфронси байналмилалии «Тоҷикистон зидди маводи нашъаовар», ки моҳи январи соли 1999 дар шаҳри Душанбе доир гардид ва дар кори он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, сафоратхонаҳои муқими ҷумҳурӣ ширкат намуданд, садо дод,ки яке аз ташаббускорони он ВКД Ҷумҳурии Точикистон буд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба хатари маводи нашъаовар, ки аз Афғонистон мерасад, ишора намуданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонуни маводи мухаддир кӯмак расонанд.
Инчунин, декабри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва перекурсорҳо» қабул шуд. Тоҷикистон ба таҳдиди интишори маводи нашъаовар, дурнамо, робитаи бе воситаи он бо ҷинояткории трансмиллӣ, терроризми байналмилалӣ ва оқибатҳои манфии он ба амнияти миллӣ, суботи комил, инкишофи иҷтимоӣ – иқтисодии кишварҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳои воқеӣ дода, моҳи июни соли 2003 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як ташаббус - таъсиси Эътилофи ягонаи зиддинашъамандӣ ба миён гузошт ки он кӯшишҳо, иқдомот ва имкониятҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар расонидани кӯмак ба Афғонистон ба ҳам оварад.
Моҳи апрели соли 2004 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозӣ «Оид ба пешгирии сӯистифода аз маводи нашъаовар» ба имзо расид, ки кӯшиши ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро дар кори коҳиши талабот ба маводи нашъаовар муттаҳид менамояд. Мақомоти корҳои дохилӣ низ чун сохтори ваколатдори давлатӣ дар масири таърихи хеш ва хусусан дар айёме, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар марҳилаи ниҳоят ҳасос қарор дошт, худро ҳамчун ҳомии боэътимоди амният ва қонуният нишон дода, дар ҷараёни ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият, сохти конститутсионӣ, рафъи оқибатҳои ҷанги шахрвандӣ ва пеш аз ҳама муборизаи ҷиддӣ бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки яке аз зуҳуротҳои номатлуб ҷомеа буда, метавонад шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллиро ташкил диҳад, мавқеи устувору фаъол дорад.
Аз ин хотир, бо дарки зарурияти масъалаи мазкур, дар ибтидои солҳои истиқлолияти давлатӣ, ки вазъияти сиёсии кишвар дар ҳолати ногувор қарор дошт ва онро ҷанги бародаркуш таҳдид менамуд, дар таърихи 21 – уми декабри соли 1994 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андешидани чораҳои таъхирнопазир оиди беҳдошти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ» ва Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – юми декабри ҳамон сол таҳти №570 ба тасвиб расид, ки тибқи он дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъсис дода шуд, ки дар чунин шароити таърихӣ масъалаи зарӯрӣ ва мақсаднок буд.
Албатта, ҳадаф аз таъсиси Раёсати мазкур, ки яке аз аввалин ниҳодҳо дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ҷиноятҳои марбут ба он дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад, дастёб шудан ба пешравиҳои назаррас дар бахши мубориза бо ин маводи заҳролуд, ки тавонистааст чандин фарди ҷомеаи инсониро мубтало намуда, ҳаёти онҳоро ба нобудӣ барад, мебошад.
Ҳисси масъулиятшиносии кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз рӯзҳои аввал эҳсос гардида, масъулияти бар дӯштдошта бобати иҷрои вазифаҳои хизматӣ онҳоро нисбат ба тақдиру ҳаёти одамон бетараф нагузошт. Бовуҷуди пурзӯр гардидани мубориза ва андешидани чораҳои таъҷилӣ, гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо ҳар роҳу восита тавассути сарҳад нақшаи муомилоти воситаҳои нашъадорро пиёда месохтанд, зеро барои контрабандистон (қочоқчиён) Тоҷикистон ҳамчун як кишвари транзитӣ имкон медод, ки онҳои нтиқоли воситаҳои нашъаоварро аз Афғонистон ба Русия ва аз онҷо ба кишварҳои Аврупо ба роҳ монанд.
Бояд таъкид намуд, ки бо вуҷуди вазифаҳои муҳум ва хеле густурда доштан, мақомоти корҳои дохилӣ дар назди миллату давлат, масъалаи пешгирӣ ва муборизаи беамон бурдан бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, яке аз масъалҳои муҳим, марказӣ ва пеш аз ҳама вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарият ва дар маҷмӯъ кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Далели гуфтаҳои боло мусодира ва нобут гардонидани беш аз 35 тонна воситаҳои нашъадори гуногун аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, алалхусус кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1994 – 2012 шуда метавонад. Инчунин қайд намудан лозим аст, ки маҳз бо ташаббуси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва умуман мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар буданд, ки тибқи маълумотҳои Созмони Миллали Муттаҳид, Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирашуда дар ҷаҳон ба ҷои чорум ва дар байни мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷои якум баромад.
Чӣ тавре ки суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд «Комилан возеҳ аст, ки дар мубориза ба гурӯҳҳои муташаккили трансмилли нашъаҷаллоб бо кӯшишҳои танҳо як давлат, ҳар қадаре, ки қудратманд бошад, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас амалан ғайри имкон аст. Аз ин рӯ, яке аз шартҳои асосии ташкили муборизаи самарабахш бар зидди ин таҳдид таъсиси шабакаи бисёрзинаи ҳамкории байналмиллалӣ мебошад».
Дар ин асос мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши ҳамкориҳои байналмилалиро, аз ҷумла дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар яке аз бахшҳои афзалиятноки фаъолияти хеш медонад. Бояд таъкид намуд, ки бо соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ, васеъ шудани робитаҳои байналмилалӣ ва сиёсати берунии Тоҷикистон, соҳаҳои нави ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо Вазоратҳои корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил алалхусус Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва як қатор мамлакатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Шарқи наздик ташаккул ёфтаанд. Инчунин, бо як зумра сохторҳои ҳифзи ҳуқуқии мамлактҳои алоҳида, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Туркия, Германия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Корея, Аморати муттаҳидаи Араб ва ғайра, Созишномаҳо, Меморандумҳо ва Шартномаҳо дар бораи ҳамкорӣ баста шудаанд.
Робита ва ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳар чӣ бештар тақвият додан ва дарёфт намудани роҳҳои афзалиятноки мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷиноятҳое, ки имрӯзҳо ба шаҳрвандон ва умуман инсоният таҳдид мекунад, дар доираи Созмонҳои байналмилалӣ ба монанди Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигарон инкишоф ёфта истодаанд. Вале бо ин нигоҳ накарда, вазъият дар самти гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор беҳбудиро тақозо доард, ки вобаста ба ин дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва минтақа чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани қочоқи маводи нашъаовар, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кишварҳои Аврупоӣ бо истифода аз масири кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Россия – тариқи роҳи «Хати Шимол» сурат мегирад, андешида шуда истодааст.
Дар ин замина Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар, ки дар таърихи 22 декабри соли 2017 ироа гардид, ба чунин масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла чунин зикр намуданд: «Тибқи маълумоти Созмони Миллали Муттаҳид имсол майдони кишти ин зироатҳо 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир нуҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард ва кӯшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо низ сурат хоҳад гирифт» .
Бо дарки хавфу хатари омилҳои зикршуда, аз ҷумла паҳншавии маводи нашъаовар, ки яке аз зуҳуроти номатлуб ва ташвишовари ҷомеаи имрӯз ба ҳисоб меравад, Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро лозим меояд, ки тамоми нерӯии касбии хешро ҳарчи бештар баҳри дарёфти роҳҳои муассири мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сарф намоянд. Бояд тазаккур дод,ки дар солҳои Истиқлолияти давалатӣ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза ва муқовимати паҳншавии маводи мухаддир истдодааст,ки натиҷахои фаълияти он назар ба дигар мақомот хеле арзанда ва назаррас буда,тадқиқоти доманадорро тақозо менамояд.
Рӯзи 10-уми ноябри соли равон ба таъсисёбӣ ва фаъолияти босамари милитсияи тоҷик боз як соли дигар пур мегардад.
Ин санаи таърихӣ дар хотираи он нафароне, ки умри бобаракати худро ба ин мақомот пайваст намуда, фаъолияти хешро сарфи пешгирии падида ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа намуда, таъмини волоияти қонун ва амнияти шаҳрвандонро асоси пайкори хеш донистаанд, фаромӯшнопазир мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои таъсисёбияш, роҳи душвору мураккабро тай намуда, аз тамоми санҷишҳои таърихӣ, аз уҳдаи иҷрои он вазифаҳое, ки дар ҳар давру замон гузошта шуда буд сарбаландона баромада, тамоми қувва, нерӯи зеҳнӣ ва касбии худро барои таъмини вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, оромиву осудагии шаҳрвандон ба харҷ дода, дар таҳкими амнияти давлату миллат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми арзандагузоштааст.
Таърих гувоҳ аст, ки кормандони милитсияи тоҷик, дар ҳама муборизаҳо, алалхусус дар раванди барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ, мубориза ба муқобили ҳаракатҳои босмачигарӣ, муҳорибаҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, барқарорсозии хоҷагии халқ, таъмини истиқрори сулҳ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар ин маврид, кишвар ва халқу миллат хизмату заҳматҳои шабонарӯзии собиқадорону кормандони мақомотро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомамалӣ Раҳмон мебошад, ки гуфтаанд: «Дар хотираи неки халқ ҷасорат ва садоқати бепоён ба кори нахустин кормандони милитсия, қаҳрамонӣ ва шуҷоати милитсионерон абадан боқӣ хоҳад монд ва халқ дар симои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ имрӯз ҳомии адолату бехатарӣ ва волоияти қонунро мебинад».
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ин муддат баҳри расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолият ва суботи комили ҷомеа ҷасорату мардонагӣ нишон дода, дар ин роҳ ҷони беш аз 2000 нафар кормандони худро аз даст додааст, ки ёди онҳоро бо некӣ ба забон оварда, барои насли имрӯзи милитсияи тоҷик намунаи ибрат мешуморем. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ин ҷода чунин зикр намудаанд: «… Ҷасорат ва мардонагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар солҳои барқарорсозӣ ва ҳимояи сохти канститутсионӣ аз худ нишон доданд, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири халқ зудуда нахоҳад шуд».
Воқеан аз лиҳози таҳлили вазъияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ба даҳаи аввали Истиқлолияти кишвар бингарем, мебинем, ки тамоми кӯшишу талошҳои давлату Ҳукумат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри берун кашидани ҷомеа аз вартаи ҳалокат ва расидан ба сулҳи деринтизор сарф гардида, танҳо баъд аз солҳои 2000 раванди бевоситаи созандагӣ дар кишвар оғоз гардидааст. Аммо барои милитсияи тоҷик бошад давраи мазкур низ даврони рӯ ба рӯ гардидан бо чандин ҳаводису рӯйдодҳои дохилӣ мебошад, ки мисоли равшани он ҳодисаҳои солҳои 2010 дар минтақаи Рашт, соли 2012 дар шаҳри Хоруғ ва дигар амалиётҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри осудагӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар кишвар буда метавонанд.
Имрӯз мақомоти корҳои дохилии кишвар дар раванди ислоҳоти хеш қарор дорад. Ҳадаф аз ислоҳот ин пеш аз ҳама он аст, ки милитсия ҳамчун ниҳоди муқтадири ҳифзи тартиботи ҳуқуқии кишвар, ҳарчӣ бештар ба ҳамгироию ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ шавад.
Саҳифаҳои аввалини таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои Истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондустиву ватандустӣ ва аз дигар ҷониб пур аз фоҷиаро ифшо намуд. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла фалаҷ гардидани сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, тафаккури шаҳрвандонро фаро гирифтани ноумедӣ ва умуман бесуботии сиёсӣ, милитсияи тоҷик аз иҷрои вазифаву уҳдадориҳояш, ки миллату давлат дар назди он гузошта буданд усулан сарпечӣ накард ва дар ин раванди ниҳоят душвор баҳри таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти комили ҷомеаи Тоҷикистон ҷонисориҳои бемисл анҷом додааст.
Ин аст, ки милитсияи тоҷик имрӯзҳо зери роҳбарии содиқонаи олим, ходими давлатӣ ва шахсияти варзида, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, дотсент, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайваста кӯшиш менамоянд, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа масъулияти хешро дар назди миллату давлат боз ҳам сарбаландона иҷро намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ вадавлатдориимиллӣ, таҳкимии доракунии давлатӣ, таъминиваҳдатимиллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои якумин дараҷаи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд .
Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, пайваста ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, таъмини амнияти ҷамъиятӣ фаъолият намуда ва имрӯз он ба яке аз ниҳодҳои боэътимоду муқтадири ҳифзи ҳуқуқ дар кишвар табдил ёфтааст.
Дар ин муддат як қатор қарорҳо дар соҳаи ҳамкории байнидавлатии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ бо ташаббус ва ширкати бевоситаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама Қарори Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ оид ба тарҳрезии механизми имконпазири муомилоти иттилоот нисбат ба шахсоне, ки дар низоъҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишварҳои сеюм иштирок мекунанд, Қарори Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ «Дар бораи муайян намудани номгӯйи ташкилотҳои дорои хусусияти террористӣва экстремистидошта, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ манъ карда шудааст», Консепсияи инкишофи ҳамкории вазирони корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар соҳаи муқовимат ба ҷалб гардидани шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ , Консепсияи ҳамкориҳои Вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар давраи то 2030 ва дигарҳо қабул гардидаанд.
Дар баробари ба итмом расидани «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 - уми июни соли 2021 таҳти № 211 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» ва Нақша чорабиниҳои амалисозии Барнома тасдиқ гардид, ки он қадами мустаҳкам дар самти идомаи ислоҳоти соҳа мебошад.
Новобаста аз ин, имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷомеаи муосир ба бархурди манфиатҳо рӯ ба рӯ гардидааст. Чунинвазъҳарякузви ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки баҳри таъмини сулҳу субот дар дохили давлати худ, минтақа ва сайёра кӯшиш намояд. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид таъкид намудаанд, ки «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем» .
Аз давраи Истиқлолият то қабул шудани Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Рӯзи милитсия 6-уми феврал таҷлил мегардид, ки ба андешаи мутахассисон ва олимони худи соҳа аз ҷиҳати илмӣ чандон саҳеҳ набуд. Зеро дар қисмати шимолии Тоҷикистони имрӯза, ки он вақт ба Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон шомил буд, ҳануз аз декабри соли 1917 сар карда, аввалин дастаҳои милитсия созмон ефта буданд. Асоси ҳуқуқии таъсисёбии милитсияро дар гӯшаву канорҳои собиқ Империяи Россия Декрет «Дар бораи милитсияи коргарӣ», ки 10 - уми ноябри соли 1917 ба тавсиб расида буд, ташкил мекунад. Бинобар ин, ба санаи 10-уми ноябр баргардонидани «Рӯзи милитсия» аз ҷиҳати таъриҳӣ ва илмӣ воқеан дуруст мебошад. Зеро танҳо бо дастгирии Презеденти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз таъриҳу фарҳангии миллат хеле хуб огоҳанд, адолати таъриҳӣ барқарор гашт ва «Рӯзи милитсия» ба 10 ноябр муқаррар гардид.
То замони Истиқлолият таърихи милитсия ба ҳамагон маълум набуд. Ҳарчанд таърихи милитсия қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи таърихи кишварамон мебошад, таваҷҷуҳи муҳаққиқону олимон ба ин саҳифаҳои таъриҳи миллат, ки ба андешаи муаллифон розҳои ниҳонии зиёде дорад, камтар буд. Яке аз сабабҳои асосии то дер боз мавзуи таҳқиқнашуда мондани тарихи милитсия ин аввалан ба ҳама дастрас набудани маводи асосӣ вобаста ба таърихи милитсия маҳсуб меёфт. Зеро, маводи бойгонии ин ниҳод то андозае характери хуфиягӣ дорад. Аз тарафи дигар, маводи бойгонӣ вобаста ба таърихи милистия дар ҷумҳурӣ хеле кам буда, онро берун аз ҷумҳурӣ мебоист дастарс намуд, ки мушкилиҳои зиёде дошт. Минбаъд ин иқдоми нек аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамаҷониба дастгирӣ ва густариш ёфта, боиси таҳияи маҷаллаю китобҳои зиёди илмӣ илмӣ-оммавӣ бахшида ба «Рӯзи милитсияи тоҷик», васеъгардонии Осорхонаи ВКД, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаҳои ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ гардид.
Асламов Б.С., ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуот, полковники милитсия
Сатторзода А.С., шунавандаи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии милитсия, полковники милитсия