Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик

13667-уми ноябри соли 2024 дар Академияи ВКД бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Милитсия такягоҳи боэътимоди давлат» баргузор гардид.
Семинари илмӣ-назариявиро бо сухани муқаддимавӣ роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, бо Рӯзи солгарди милитсияи Тоҷикистон ҳозиринро табрик намуданд.
1367Дар кори семинари илмӣ-назариявӣ олимону донишмандон, коршиносони соҳа, шоирон ва курсантони аъзои Ҷамъияти илмии курсантони «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ» фаъолона ширкат варзида, дар мавзӯъҳои мухталифи илмӣ маърӯзаҳо намуданд. 1368Аз ҷумла суханронии Муҳаммад С.А. – сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия дар мавзӯи «Милитсия ҳомии тартибот», Асламов Б.А. – ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, аълочии матбуоти тоҷик, полковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Таърихнигории милитсияи тоҷик: таҳлили муқоисавӣ бо милитсияи шуравӣ», Неъмонов Б.З. - дотсенти факултети таърихи ДМТ, н.и.т., маърӯза дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами омӯзиши таърихи милитсияи тоҷик дар солҳои 20-30-юми асри 20», Бойзода Ҷ.Ҷ.- дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Такомули мақомоти сухторнишонӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ», Самиъзода Б.С. - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Акадмияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Зарурати мутобиқсозии фаъолияти милитсияи тоҷик дар шароити нави таърихӣ», Султонзода В.И. – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, майори милитсия, маърӯза дар мавзуи «Милитсия посдори суботу оромӣ», Одинаев С.Р. – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, капитани милитсия, маърӯза дар мавзуи «Таърихи милитсияи тоҷик аз оғоз то имрӯз», Ниёзов О. – курсанти курси 4-уми факултети №2 милитсияи қаторӣ, маърӯза дар мавзуи «Аз таърихи таъсисёбии милитсияи тоҷик», Холов М.Х. – курсанти курси 4-уми факултети №2 милитсияи қаторӣ, маърӯза дар мавзуи «Сохтори милитсия дар марҳилаи ҶБВ ва солҳои баъдиҷангӣ», Зулфонов А.Х. – курсанти курси 4-уми факултети №2 милитсияи қаторӣ, маърӯза дар мавзуи «Заслуга таджикской милиции», Сафаров М.Ҷ. – курсанти курси 3-юми факултети №2 милитсияи қаторӣ, маърӯза дар мавзуи «Милитсия ва ҷавонони кишвар», Одиназода А.Ҳ. – курсанти курси 2-уми факултети №2 милитсияи қаторӣ, маърӯза дар мавзуи «Милитсия сипари боэътимоди давлат ва миллат» сурат гирифт.
1369Сухани хотимавиро бошад, сардори Шуъбаи ТИ ва ТН, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Заробидинзода С.З. анҷом дода, аз ҷумла зикр намуд, ки мақомоти милитсияи тоҷик дар ҳама давру замони таърихи хеш вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ бар уҳда дошта, хушбахтона аз уҳдаи иҷрои чунин масъулият сарбаландона баромадааст.
Аз нахустин рӯзҳои таъсисёбиаш милитсияи тоҷик то ба имрӯз роҳи дӯшвору сангинро тай намуда, дар саҳифаҳои таърихи худ қаҳрамониву мардонагӣ, садоқат ба Ватан ва касбу Савганд нишон дода, имрӯз ба сипари боэътимоди халқу Ватан мубаддал гардидааст.
Албатта, масъулияту далерӣ, худшиносиву худогоҳии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот барои наслҳои имрӯзу ояндаи он ҳамчун мактаби омӯзиши садоқату ҷавонмардӣ абадан боқӣ хоҳад монд.
Одиназода С.Р., лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...