НАҚШИ ШӮРОҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ВКД ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ
15 октябри соли 2024 дар асоси Нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ ва мавзӯи илмии кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷамъияти илмии курсантон бо номи “Ҳомии тартибот” бо ташаббуси роҳбари ҷамъияти илмии курсантон, майори милитсия Урфонзода Д.С., мизи мудаввар дар мавзуъи «Нақши шӯроҳои ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ» ташкил ва баргузор гардид.
Мизи мудавваро сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 н.и.ҳ., подполковники милитсия Вализода Н.Д., ҳусни оғоз бахшида, иштироки курсантонро дар чунин маҳфилҳои илмӣ-тадқиқотӣ амри зарурӣ номид ва ба курсантоне, ки дар ин маҳфил иштирок доштанд тафсия доданд, ки дар рафти мизи мудаввар фаъол бошанд. Хамчунин дар баромади хеш қайд карданд, ки нақши Шуроҳои ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ хеле муҳим буда, боварии ҷомеаро ба милитсия боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад.
Баъдан полковники муставфии милитсияи, собиқ мушовири калони вазири корҳои дохилӣ Ғуломов Қ., суханронӣ намуда, вобаста ба муҳимияти фаъолияти илмӣ-тадқиқотии курсантон суханронӣ карда, Шӯроҳои ҷамъиятии ВКД-ро яке аз шартҳои асосии ислоҳоти милитсия арзёбӣ намуданд.
Дар мизи мудаввар омӯзгорон ва курсантон бо маърузаҳои худ баромад намуданд:Дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, подполковники милитсия Нуриддинзода С.Н. дар мавзӯи «Мақсади асосии таъсисии Шуроҳои ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ»,муалими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, лейтенанти калони милитсия Раҳимзода А.Р. дар мавзӯи: «Таъинот ва ҳадафҳои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
курсанти курси 2 милитсияи қаторӣ Одиназода С., дар мавзӯи: Шӯрои ҷамъиятии мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия»,курсанти курси 2 милитсияи қаторӣ Нодиров М., дар мавзӯи: «Вазифа ва ҳуқуқҳои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия» баромад ва суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми мизи муддаввар муовини сардори факултети №2 н.и.ҳ, полковники милитсия Шарифзода С., суханронӣ намуда оид ба проблеммаҳои асосии ҷойдошта оид ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия ва Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида карданд ба ҳамма иштирокчиён барои иштироки фаъолона дар ин маҳфил минатдорӣ намуданд.
Урфонзода Д.С., роҳбари маҳфили илмии «Ҳомии тартибот», майори милитсия