Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса амали тафтишии таъхирнопазир

1358

Бахшида ба истиқболи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», дар факулети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ду муассисаи таълимии риштаи ҳуқуқшиносӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки дар ин замина 29 октябри соли 2024 дар ҳудуди факултети мазкур бо курсантони курси 4 ва донишҷӯёни курси 4-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба фанни мурофиаи ҷиноятӣ дар мавзуи «Азназаргузаронӣ яке аз амалҳои тафтишотӣ» дарсӣ амалӣ баргузор гардид.
1359Дар ҷараёни дарси амалӣ дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Муллобоев М.Р., курсантон ва донишҷӯёни ҳарду факултети номбаршуда дар нақши иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, аз ҷумла: муфаттиш, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ, нозири минтақавӣ, мутахассис-коршинос, шахсони холис ва дар ғайра ширкат варзиданд.
1360Аз ҳолати содиршавии ҷинояти шартӣ муайян гардид, ки ҷабрдида дар воситаи нақлиёти худ ба хариду фурӯши маводи мухаддир машғул шуда, ҳангоми фурӯши он ба шахси номуайян ба ҳалокат расидааст. Дар натиҷаи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса айён гардид, ки ҷиноят бо истифодаи силоҳи оташфишони тамғаи «Калашников» ва туфангчаи тамғаи «Макаров» содир шудааст, инчунин дар ҷойи ҳодиса тири ҷангӣ, се адад калид, рӯймолча, дар бағочи воситаи нақлиёт дар дохили лифофаи салафании рангаш сиёҳ маводи сафеди бӯйи махсусдошта ва дигар далелҳо дарёфт, зикр ва гирифта шуданд.
1361Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса муфаттиши шартӣ ҳамчун шахси мустақил баромад намуда, аз оғози ин амали тафтишӣ ба тамоми иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, аз ҷумла шахсони холис, мутахассис-коршинос ва дигар иштирокчиён ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро фаҳмонида дод. Ҷараёни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса тибқи талаботи КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илми криминалистика ба роҳ монда шуда, аз натиҷаи гузаронидани он, протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса тартиб дода шуд.
Тамоми далелҳое, ки дар боло номбар карда шуд, борбандӣ ва муҳргузорӣ карда шуда, таҳти имзои шахсони болозикр барасмият дароварда шуда, гирифта шуданд. Матни протокол ба тамоми иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ бо овози баланд хонда дода шуд. Дар охири ин амали тафтишӣ, курсантон ва донишҷӯён ба устод Муллобоев М.Р. саволҳо дода, ба онҳо посух гирифтанд.
Сифати машғулияти мазкур таҳти назорати сардори факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., Ғафурӣ М.С., декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, н.и.ҳ., Кенҷаев Ш., мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ ДҲБСТ, н.и.ҳ., дотсент Қаҳоров Н.М., сурат гирифт.
Ғайр аз ин дар мушғулият устодон ва олимони ду муассисаи мазкур, инчунин шунавандагони такмили ихтисоси факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Комилзода З.К., дотсенти кафедраи ҳуқуқӣ ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

 

 

 

        

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...