Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ ТАҚРИЗШАВАНДАИ «ОСОРИ АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ҲАМЧУН «МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ ТАҚРИЗШАВАНДАИ БЕҲТАРИН» ДОНИСТА ШУД

1342

25 октябри соли 2024 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки васеи олимон конфренсияи ҷумҳурявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини соҳибистиқлолии илмии Тоҷикистон” бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 10-солагии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори конференсия инчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо иштирок намуд.
1341Дар рафти конференсия маросими супоридани ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ба олимону зиёиён ва муҳаққиқони ҷавон, ки дар пешбурди фаъолияти илмӣ саҳми арзанда гузоштаанд, тақдим карда шуд. Беҳтарин шуроҳои диссертатсионӣ, маҷаллаҳои тақризшаванда ва диссертатсияҳои илмӣ бо туҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки тибқи Фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин таҳти № 116 аз 24 октябри соли 2024, барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои назаррас дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ, нашри маводи арзишманди илмӣ ва муаррифии неруи зеҳнии кишвар бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 – Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 10-солагии таъсисёбии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи илмии тақризшавандаи «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчунин «Маҷаллаи илмии тақризшавандаи беҳтарин» дониста шуд.
1343Роҳбарият ва ҳайати таҳририяи маҷалла тамоми ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД, олимон ва муҳаққиқонеро, ки саҳми худро дар таҳия ва ба нашр баровардани маҷалла гуззоштаанд, бо ин дастоварди сазовор муборакбод намуда, дар роҳи инкишофу тарғиби илми ҳуқуқшиносии тоҷик, кашфиёти нав, қарорҳои далерона ва асарҳои шавқовар барои нафъи гул-гулшукуфии Ватан, инчунин некӣ, беҳбудӣ ва муваффақиятҳои назаррас орзу менамоянд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...