Маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ
Паёми Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (28-уми декабри соли 2023) «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа шуд, ки дар раванди он Пешвои муаззами миллат ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.
Дар партави Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21-уми октябри соли 2024 аъзоёни кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони МТМУ № 31, ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамоат Деҳмой вохӯрӣ гузарониданд.
Директори муассисаи таҳсиломи миёнаи умумии рақами 31 ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамоати Деҳмой, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯзхон Фахриддинович дар оғози вохӯрӣ иброз намуд, ки амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Маърифати ҳуқуқӣ яке аз василаҳои муҳим барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
Баъдан зимни вохӯрӣ муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ, подполковники милитсия Абдураҳмонзода Ином Илҳом оғози суҳбаташро аз суханрониҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ, тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад» шуруъ намуд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ Абдураҳмонзода Ином Илҳом қайд намуд, ки риояи ҳуқуқ аз сатҳи маърифати ҳуқуқии шахс муайян мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ бояд дар тасаввуроти ҳар як фарди хештаншинос нақш бандад. Ҳадаф аз вохӯрии имрӯза низ ташаккули дурусти маърифати ҳуқуқӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, пос доштани анъанаҳои миллӣ мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Муродзода Фарҳод Ғайрат ҳангоми суҳбат бо хонандагони МТМУ 31 ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамоати Деҳмой оид ба пешгирии шомил шудани ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ибрози ақида карда, чунин қайд намуд, ки асоси тарбияи ватанпарастиро омӯзиш ва гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ ва арзишу суннатҳои он, муҳофизати муҳити зист, рушди ҳисси миллии ноболиғону ҷавононро маърифати ҳуқуқӣ ифода менамояд.
Хавфу хатари кирдорҳои ташкилоти экстремистӣ-террористӣ, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардида, ҷони беш аз 150 ҳазор тоҷикистониро ба коми худ фурӯ бурд, то ҳол аз ёди мардуми нарафтааст. Ҳаминро бояд қайд кард, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ пойдевори ҷиҳати муқовимат кардан ба экстремизму терроризм буда, садоқатмандии ҳар як фарди ҷомеаро ба ватани хеш ифода менамояд. Омӯзгорону хонандагони муассисаи мазкур суҳбату вохӯриҳо анҷом дода дар рафти суханронӣ иброз доштанд, ки ҳолатҳои қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ асосан аз тарафи афроди камсавод ва аз талаботи қонунгузорӣ ноогоҳ сар мезананд.
Бинобар ҳамин, насли наврас ва хонандагонро зарур аст, ки вақти қиммати худро сарфи беҳудакориҳо накарда, ба донишомӯзӣ машғул шаванд, бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз моҳияти ифротгароӣ ва ҳадафҳои ғаразмандонаву таассубгароёнаи ҳизбу ҳаракатҳои зиддидавлатӣ аз устодони худ машварат гиранд; телефонҳои мобилии худашонро, ки мутаассифона, вақтҳои охир боиси сар задани қонуншиканиҳои зиёд гардидааст, ноогоҳона истифода набаранд, ба одобу ахлоқ ва суннатҳои инсонгароёна ва арзишҳову муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ намоянд, боварии Пешвои миллатро арзанда бошанд ва баҳри ояндаи ободи худ ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саъю талош варзанд.
Дар поёни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки ғамхории Ҳукумату давлат, хусусан - Сарвари давлат ба хотири рушди соҳаи илму маориф, маърифату фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи саводи ноболиғону ҷавонон, ҳисси ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба таърихи ниёгонамон аст.
Муаллими кафедраи ФОҶ МКД,
факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти калони милитсия Муродзода Ф.Ғ.