Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили амалигардонии меъёрҳои конститутсионӣ

1337«Имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем, аз ин рӯ, бе доштани Конститутсия эҷоди ин гуна давлат номумкин аст».
Эмомали Раҳмон
Эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ва солгарди ҳуҷҷати тақдирсоз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии ногустанӣ дорад, зеро он таъминкунандаи асосии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат муқаррар гардидааст. Ин омили муҳим тақозо менамояд, ки пайваста соҳаи иҷтимоӣ таҳким ва густариш ёбад ва ба маротибҳо баланд бардошта шавад.
Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Он поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии кишвар буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввалаш асосҳои сохтории он муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар соҳаи сиёсии ҳуқуқӣ он фарогири принсипи ҳокимияти халқ (моддаи 6), принсипи волоияти қонун ва озодии инсон (моддаи 5), принсипи тақсимоти ҳокимият (моддаи 9) мебошад. Дар соҳаи иқтисодӣ – иҷтимоӣ бошад, принсипҳои гуногунӣ ва баробарии шаклҳои моликият (моддаи 12), самти иҷтимоии сиёсати давлат (моддаи 1, қисми 2) инъикоси худро ёфтаанд. Тибқи Конститусия дар соҳаи фарҳангию мафкуравӣ принсипҳои гуногунии мафкуравӣ (моддаи 8, қисми 1), ҷудо будани мафкура аз давлат (моддаи 8, қисми 2) татбиқ мегарданд. Шоистаи тазаккур аст, ки дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар соҳаи байналхалқӣ принсипҳои ошкоро будани системаи ҳуқуқии Тоҷикистон нисбат ба принсип ва меъёрҳои байналхалқӣ (моддаҳои 10-11) муайян мешаванд.
Дар арафаи санаи таърихӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 халқи тоҷик таҳти роҳбарии Сарвари давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул кардааст, эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ гувоҳи қадамҳои устувори миллати тоҷик баҳри созмони ҷомеаи демократӣ, якпорчагии кишвари азизамон Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Шояд ин ҷо суоле ба миён ояд, ки зери мафҳуми “маърифати ҳуқуқӣ ” чиро бояд фаҳмид? Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки атрофи шарҳи ибораи мазкур гуфтаниҳо ниҳоят зиёданд ва шарҳи муфассали онро метавон аз сарчашмаҳои бевосита ба ин мавзуъ бахшидашуда пайдо кард. “Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи донишҳои ҳуқуқӣ, донистани қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ ва истифодаи дурусти онҳо аз ҷониби шаҳрвандон аст. Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ин масъаларо арзёбӣ карданд. Албатта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ин роҳи ҳалли як қатор мушкилиҳои ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.
Аз ҳамин лиҳоз, моро мебояд, ҳарчи бештар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқу тарғиби санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва иҷрои онро талаб ва назорат намоем”.
Бояд дарҷ намуд, ки нақши Конститутсия дар ин раванд муҳим буда, он боэътимодтарин омили ҳуқуқии ташаккули давлатдории миллӣ мебошад. Дар ин давом ҳаёти иҷтимоии кишвар ҷараёни пурмаҳсул гирифт, кули дигаргуниҳои ҷиддӣ дар мамлакат дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба вуқӯъ пайваст.
Дар моддаи 1 Конститутсия омадааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Меъёрҳои Конститутсия таҷассумгари арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқу озодиҳо, таъмини ҳифзи вазъи иҷтимоии он ва дигар ҳуқуқҳои инсон мебошанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағийрёбии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.»
Бояд қайд намуд, ки инкишофу рушди ҷомеаи имрӯзаи мо дар партави фазои ҳуқуқие, ки Конститутсия фароҳам овардааст, асос меёбад.
Тамоми корҳое, ки дар радифи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон ва маърифати ҳуқуқии сокинони кишвар анҷом дода шудаанд. Имрӯз баъди сипарӣ гардидани 30 сол аз қабули Конститутсия эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикони олам, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.
Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо, оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, муайян намуда, кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид.
Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ пайваста барои ободии рӯзгори мардум, беҳтаркунонии вазъи иҷтимоии он тадбирҳо меандешад. Қайд кардан ба маврид аст, ки маърифати ҳуқуқӣ сатҳи умумии дониш ва муносибати объективонаи ҷомеаро нисбат ба Конститутсия, ҳуқуқ ва маҷмӯи донишҳои ҳуқуқиро дар шакли меъёрҳо, ақидаҳою мулоҳизаҳо, ки дар ҷараёни фаъолияти ҳаётӣ ба вуқӯъ меоянд, дар назар дорад.
Маърифати ҳуқуқӣ дар муошират ва рафтори шахс зери низоми таъсири тарбияи маданию фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ, ташаккул меёбад. Набояд фаромӯш сохт, ки маърифати ҳуқуқӣ ҷузъи муҳими ҷомеа ва давлати пешрафта мебошад.
Беҳуда нест, ки солҳои охир як қатор қонунҳо, барномаҳо, санадҳои ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки марҳила ба марҳила масъалаҳоро оид ба такмил додани қонунгузорӣ, таъмини иҷрои қонунҳо, рушди ёрии ҳуқуқии ройгон, беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва самтҳои дигар оид ба устуворкунонии кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, идомаи ислоҳот дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳими кишвар, ки мақсаду ҳадафҳои онҳо беҳтаркунонии вазъи иҷтимоӣ - иқтисодии шаҳрвандон мебошанд, зарур мебошад.
Мақсади асосии давлат дар ин ҷода баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини ҳифзи манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа, таъмини сулҳу субот мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ қисми маърифати умумӣ буда, мавҷуд будани донишҳои ҳуқуқӣ, фаҳмиши арзиши иҷтимоии ҳуқуқ, нақши мусбии онро барои шахс ва ҷомеа дар назар дорад.
Вазифаҳои асосии маърифати ҳуқуқӣ дар анҷом додани корҳои тарбиявӣ оид ба ташаккули сифатҳои ҳуқуқии инсон ифода меёбад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки маърифати ҳуқуқӣ ба муоширати шаҳрвандон дар соҳаи ҳуқуқии ҷомеа таъсир мерасонад. Дар ин самт меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҷузъҳои таркибии маърифати ҳуқуқии ҷомеа хусусияти арзиширо пайдо мекунанд, яъне ҳамчун объекти арзёбӣ баромад хоҳанд кард.
Мавриди зикр аст, ки давлату Ҳукумат ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳар як фарди Тоҷикистон диққати хеле ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ин самт давра ба давра чораҳои зарурӣ меандешад ва ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани дараҷаи донишу маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо корҳои зиёде роҳандозӣ карда шуда истодааст.
Хоҳӣ, ки озод бошӣ, маърифати ҳуқуқӣ, яъне дониши ҳуқуқии худро баланд бардошта, ғуломи қонун бош!
Сулаймонзода Рустам Неъматуло, муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...