Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Экстремизм ва терроризм – зуҳуроти номатлуби ҷомеа

1335Ифротгароӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо зери пардаи равияҳои гуногуни динӣ-мазҳабӣ бар дӯши халқу миллатҳои мухталифи дунё ҳамчун анбӯҳи маломат бор аст. Мусаллам аст, ки ифротгароии динӣ аз ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ маншаъ мегирад. Дар замони муосир ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ таблиғоти густурда ба роҳ мондаанд, ки маҳаки асосии чунин таълимот ташкили хилофати исломӣ аст. Шахсони ҷоҳил ва хурофотпараст ба чунин таблиғот дода шуда, дар сар андешаҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ мепарваранд.
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон бо истифода аз ташкилотҳои экстремистию террористӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсии худ динро васила қарор дода, хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо бошанд, то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашида то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Сиёсат бошад, бозиҳои манфиатхоҳии абарқудратҳост, ки аз фақру нодонии мардуми мусулмон истифода карда, онҳоро ба ҷангу хунрезӣ ва ҳамдигаркушӣ мекашанд. Мардуми мусулмонро ба гирдоби кашмакашиҳо андохта, худашон аз ин вазъ истифода мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 21-уми декабри соли 2021 вобаста ба масъалаи ҷаҳолат ва хурофот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта - замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои устувори худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид».
Аз ин рӯ, масъалаи ифротгароии динӣ наметавонад касеро бетараф гузорад. Зеро ифротгароии динӣ-мазҳабӣ ҳамчун абри сиёҳ Ватани маҳбуби моро низ ғуборолуд карда истодааст, ки дар солҳои охир зиёд шудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта ва иштироки ғайриқонунии бархе аз шаҳрвандони мо дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Шарқи Наздик аз он гувоҳӣ медиҳанд.
Ҷаҳолат заминаи мусоид барои хурофот ва хурофот қадам ба сӯи ифротгароӣ аст. Мисоли равшани он ҳамсоякишвари мо аст. Дар натиҷаи ҷаҳолату хурофотпарастӣ кӯдакон аз таълимоти дунявӣ дур монданд, илм хору залил гашт. Оқибат Афғонистон ба харобазор табдил ёфт, ҳар рӯз қатлу куштор, ҳар рӯз амалҳои террористӣ, мардум овораву саргардон, истеҳсолот аз байн рафт, ҳол то ҳадде табоҳ шуд, ки ғорату одамрабоиву одамкушӣ воситаи дарёфти қути лоямут гардид.
1336Дар натиҷаи ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ мо як бор хато кардем ва оқибати он ба ҳама маълум аст. Бинобар ин, баҳри пешгирии ифротгароии динӣ мо ҳаргиз бояд бетараф набошем! Нагузорем, ки фарзандони мо хурофотпараст ва ифротгаро шаванд, нагузорем, ки шахсони тасодуфӣ ба мафкураи фарзандони мо ақидаҳои экстремистиро ҷойгир намуда, онҳоро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода баранд.
Дар ин замина ба Ватану миллати мо, ба сулҳу суботи мо, ба ҳаёти осоиштаи мо низ як идда ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ таҳдид мекунанд.
Таҳририву салафӣ, доишиву наҳзатӣ ҳама дар каминанд. Ягона мақсади онҳо бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намудани наврасону ҷавонон аст. Бо ин мақсад имрӯзҳо аз ҷониби ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар шабакаҳои интернетӣ тарғиботу ташвиқоти густурда ба роҳ монда шудааст. Саҳифа, гурӯҳ ва каналҳои махсус таъсис дода, шабу рӯз ақидаҳои ғаразноки диниро паҳн мекунанд. Дар аввал чунин менамояд, ки дар чунин саҳифаҳои интернетӣ масъалаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ паҳн карда мешаванд. Дар асл, чунин нест! Дар ҳолати аъзо шудан ба чунин гурӯҳҳо ва шабакаҳои ба ном исломӣ ва тамошову мутолиаи пайвастаи матлабҳо ва наворҳои видеоӣ, андешаи кас дигаргун шуда, дар мафкураи ӯ ақидаҳои зиддимазҳабӣ ва зиддидавлатӣ ташаккул меёбанд. Чунин ҷавонон ақидаҳои экстремистиро ба худ дуруст қабул намуда, мепиндоранд, ки дини ислом ҳамин аст! Маҳз чунин андешаҳо садҳо ҷавонони тоҷикро водор сохтанд, ки ба Ироқу Сурия рафта, террорист шаванд. Не, ислом чунин нест! Дини ислом дини меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат аст!
Аз ин рӯ ҳар як падару модар ва устодони мактабу коллеҷу донишгоҳҳо вазифадор ҳастанд, ки наврасону ҷавононро назорат намоянд, ба онҳо тарзи дуруст истифода намудани интернетро омӯзонанд. Агар интернет дуруст истифода шавад, он манбаи илму дониш аст, аммо агар баръакс истифода гардад, он ба бадбахтиҳо оварда мерасонад. Зеро барои дастгирии ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ ва паҳн намудани маводҳои ифротӣ дар шабакаи интернет ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Мо бояд садди роҳи нияти ғаразноки гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ гардем, кӯшиши вобаста намудани терроризмро бо ислом - бо дини бобоёнамон маҳкум намоем. Имрӯз бояд ба ҳифз кардани арзишҳои миллиамон кӯшиш намоем. Нагузорем, ки фаъолияти сохторҳои террористӣ ва экстремистии динӣ дар диёрамон, маҳалли зистамон ба роҳ монда шавад.
Мо бояд ба ҷанбаҳои дохиливу берунаи мубориза алайҳи амалҳои террористиву ифротгароии динӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Пеш аз ҳама пеши роҳи воридшавии мафкураҳои бегонаро гирем. Ба арзишҳои таърихиву миллии тоҷикон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоем. Андешаи истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар тафаккури ҷавонон бо усулҳои таълимиву тарбиявӣ ҷо диҳем.
Моро шарт ва зарур аст, ки ҳама чун як тан дар зери ливои миллат муттаҳид бошем, сарбозу сарсупоридаи Ватан бошем ва сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мо бояд ба қадри неъмати бебаҳои Худованд – амният ва сулҳу субот бирасем ва дар ҳифзу ҳимояи Ватани азиз ҳарис бошем, зеро дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу буми Ватан фарз аст. Мо аз тоҷик будани худ ифтихор дорем ва бо ҷону дил истиқлоли Ватани азизро ҳифз менамоем!
Ҳамаи ин таъкидҳо танҳо як ҳадаф доранд. Зиндагии осудаву хушбахтона дар Ватани амну ободе бо номи Тоҷикистони азиз, ки дар зарфи 33 соли Истиқлолияти давлатии худ бо ин зуҳуроти номатлуби замон муқовимат намуда, дар самти таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ таҷрибаи зарурӣ касб кардааст
Абдуллозода Д.А., муаллими кафедраи ПҶТ ва ТБҶ факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...