Забони англисӣ – забони ҷаҳонӣ
Забони англисӣ яке аз забонҳои бузурги ҷаҳон ба шумор рафта, ба яке аз шохаҳои забонҳои олмонӣ шомил аст ва дар маҷмуъ ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад. Забони англисӣ ҳамчун забони ҷаҳонӣ эътироф шуда, зиёда аз нисфи кишварҳои дунё бо ин забон дар донишгоҳҳову марказҳои таълимӣ ба мардум дарс меомӯзанд. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ҷое ки омӯзиши забони модарӣ хуб ба роҳ монда шудааст, омӯзиши забони хориҷӣ осонтар мегардад. Дар воқеъ ҳар як шахс бояд аввал забони модариашро хуб омӯхта, баъд ба омӯзиши дигар забонҳо пардозад, зеро:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Муваффақияти ноил шудан ба мақсади асосии таълими забони англисӣ, яъне мақсади ҳосил намудани малака ва маҳорати муошират аз истифодаи методҳои гуногуни таълими забони хориҷӣ вобастагии хеле калон дорад, инчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ барои дарки забони модарӣ ёрӣ медиҳад, чунки он ба воситаи таъминнамоӣ бо истилоҳҳо имконияти муқоиса карданро фароҳам меорад ва аллакай дар зинаи ибтидоӣ хонандаро ба фикр кардан водор месозад. Вале барои омӯзгор донистани танҳо методика кифоя нест, зеро дар ин хусус олимон ақида доранд, ки: «Методика ин психологияи амалӣ нест, зеро донистани танҳо гузариши ҷараёнҳо ба монанди дар хотир нигоҳдорӣ, фикрронӣ, чӣ гуна ташаккулёбии маҳорат ва малака кифоя набуда, зарур аст, ки фанни омӯзонидашаванда, яъне забони англисӣ аз тарафи омӯзгор хуб аз худ карда шуда бошад». Инчунин, ақидае вуҷуд дорад, ки методҳои хуб ва бад вуҷуд надоранд, балки муаллимони хуб ва бад мавҷуданд. Омӯзгор вазифадор аст, ки ба марҳилаи аввали омӯзиш, бахусус омӯзиши забони англисӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳад, зеро ин марҳилаи асосӣ ба шумор рафта, муваффақияти омӯзиши фан дар зинаҳои навбатӣ аз зинаи аввал вобастагии хеле калон дорад. Чунон ки шоир гуфтааст:
Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Педагоги машҳур К.Д.Ушинский зикр намудааст, ки ҳар як дарс барои омӯзгор бояд вазифа бошад, ки ҳалли онро қаблан андешад: дар ҳар як дарс ӯ бояд ба чизе ноил шавад, қадами навбатиашро гузорад ва тамоми синфро маҷбур кунад, ки ин қадамро гузоранд.
Омӯзиши забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо ва забони англисӣ ҳамчун забони хориҷии дар ҷаҳони муосир аз ҳама зиёд паҳншуда, инчунин аз худ кардани нутқи намунавӣ бо ин забонҳо барои тарбияи шахсияти забондон, рушди сифатҳои маънавӣ ва қобилиятҳои эҷодии ӯ ва шинос шудан бо фарҳанги ин миллатҳо ва ҷаҳон нақши пешбаранда дорад.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисиро дар доираи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2019, №438 ба тасвиб расидааст, ба роҳ мондааст. Дар баробари соатҳои таълимӣ (тибқи барномаи таълимӣ), дарсҳои иловагӣ аз фанҳои номбурда бо ҳайати шахсӣ ва тағйирёбанда ба роҳ монда шудааст.
11-уми октябри соли 2024 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Забондонӣ” аз фанни забони англисӣ байни курсантони Академияи ВКД таҳти унвони “Агар сесад забон донӣ фузун нест...” баргузор гардид. Ҳакамони озмун, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Наҷмиддинов Акбаршоҳ, номзади илми филология, мудири кафедраи мутолиоти аврупоии ДМТ, Муродов Файзалӣ, номзади илми филология ба ҳар шарти озмун баҳогузорӣ намуда, дар умум ба сатҳи забондонии курсантони Академияи ВКД баҳои баланд дода, ғолибони озмунро, ки сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, табрик намуданд.
Ҷойи якум - Ашурзода Акбаршоҳ, курсанти курси панҷуми факултети №2, гурӯҳи таълимии 502, ҷойи дуюм - Ҷумъаев Муҳаммад, курсанти курси якуми факултети №2, гурӯҳи таълимии 109, ҷойи сеюм - Алимардонзода Манзаршоҳ, курсанти курси чоруми факултети №2, гурӯҳи таълимии 408 ва Амонзода Аслиддин курсанти курси дуюми факултети №2, гурӯҳи таълимии 201. Курсантони номбурда аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД бо туфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Давлатшозода Азиза