Вохӯрии шунавандагони факултети №1 бо курсантони Академияи ВКД
2-юми октябри соли 2024 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати мустаҳкам намудани донишҳои назариявии курсантон бо амалияи муосир, дар толори маҷлисгоҳи Академияи мазкур вохӯрии навбатии шунавандагони таҳсили ғоибонаи факултети №1 бо курсантони факултети №6 баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур сардори факултети №1, полковники милитсия Саидзода З.А., сардори факултети №6, полковники милитсия Амруддинзода М., муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Фархор, майори милитсия Давлатёрзода О.С., муовини сардори Раёсати таҳқиқи ВКД подполковники милитсия Таҷаллӣ Д.А., муовини сардори ШВКДН дар вилояти Суғд, капитани милитсия Шоҳзода Ш.А. ва сардори ШМД «Чирик» ШВКД дар ноҳияи Қабодиён майори милитсия, ки бо таври ғоибона дар факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, иштирок намуданд.
Нахуст суханро сардори факултети №6 Академияи ВКД, полковники милитсия Амруддинзода кушода иброз намуд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академия ба раванди таълиму тарбия, интизоми хизматӣ дар Академияи ВКД таваҷҷуҳи хоса ва ғамхории пайваста зоҳир менамоянд ва ҳамчунин иброз намуд, ки чунин вохӯриҳо ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар рафти вохӯрӣ шунавандагони факултети №1 аз таҷрибаи кории худ ба курсантон маълумоти муфассал дода, қайд намуданд, ки дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Мо ба ҷавонони бонангу номуси тоҷик, бахусус курсантони Академияи ВКД ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварӣ дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи падарону бобоён ва гузаштагони худ ҳастанд. Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Сипас гуфтугӯи озоди курсантон бо роҳбарони мазкур баргузор гардида, курсантон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳамин тариқ, ҳангоми ҷамъбасти вохӯрӣ сардори факултети №1 Академияи ВКД, полковники милитсия Саидзода З.А., изҳори умедворӣ намуд, ки ин вохӯрӣ ба ҳамагон аз ҷиҳати маънавӣ самарабахш буда, ташкили чунин вохӯриҳо бо курсантон ба ташаккули ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати онҳо ба Ватан мусоидат менамояд.
Саида Сафарзода, Шавкат Убайдуллоев.