Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Такмили ихтисоси кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД

110

Аз 5-уми март то 6-уми апрели соли 2018 бо супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. дар заминаи факултети №3-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ба курсҳои такили ихтисос ҷалб карда шуданд.
Баъди ба анҷом расидани курси такмили ихтисос рӯзи 7-уми апрели соли 2018, бо иштироки муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ., ҳайати омӯзгорон ва шунавандагон маросими тантанавии супоридани сертификатҳо оид ба хатми курсҳои мазкур бо шунавандагон баргузор гардид.
Муовини сардори Академияи ВКД Кабирзода Ҷ.Ҳ. хатмкунандагони курсҳои такмили ихтисосро самимона муборакбод намуда, ба онҳо дар кори амалӣ бурдбориҳо таманно кард ва иброз дошт, ки дар вазифаҳои хизматии хеш содиқона ва софдилона ба халқу Ватан хизмат намоянд.

111

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ дар заминаи Академияи ВКД минбаъд ба курсҳои такмили ихтисос кормандони дигар сохторҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сафарбар карда хоҳанд шуд.
Сафарова Саида, Ҳалимзода Дилафруз.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...