Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Такмили ихтисоси кормандони самти оперативӣ

108

Рӯзи 9-уми апрели соли 2018, яке аз рӯзҳои хотирмон барои шунавандагони курси такмили ихтисоси самти ваколатдорони оперативӣ гардид.
Зеро онҳо бо мақсади тақвияти донишҳои назариявӣ ва амалии хеш тибқи ҷадвали тартибдодаи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ва қарорҳои ҷаласаи фаврии назди сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. дар донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон машғулияти назариявӣ ва амалӣ доир намуданд.
Машғулияти мазкур дар мавзӯи «Сангҳои қимматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шуд. Машғулиятро муовини ректори донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон оид ба илм, эксперт-сангшинос, номзади илмҳои геология ва минералогия Насриддинов Замониддин гузарониданд.
Зимни машғулияти назариявӣ ва амалӣ ба шунавандагон маълум гардид, ки дар ҷаҳон зиёда аз 3500 навъи минералҳо вуҷуд доштааст. Инчунин онҳо тавонистанд дар бораи сангҳои қиматбаҳо ба монанди алмос, ёқут (рубин), сапфир, александрид, зумрад (изумруд), садаф маълумоти кофӣ бигиранд. Бояд зикр намуд, ки эксперт – сангшинос Насриддинов Замониддин дар бораи хосиятҳои аҷоиби баъзе аз сангҳо, тарзи истеҳсол ва истифодаи онҳо дар саноат зикр намуданд. Масалан, истифодаи либосҳои зиддишуоъӣ (зидди радиатсионӣ) аз сангҳои серпантинит, графин ва сеалит дар садамаи нерӯгоҳи атомии Фукусима, инчунин арзишнокии бархе аз сангҳо барои шунавандагон хеле ҷолиб буд.

109

Инчунин аз тарафи муаллими ҳамкори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос полковники милитсия Хокироев Азимҷон доир ба қочоқи сангҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон роҳҳои пешгирикунии он ба шунавандагон ҳамчун маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.
Дар қисмати амалии машғулият таҳти сарварии эксперт – сангшинос Насриддинов Замониддин дар музеи донишкада шунавандагон тавонистанд доир ба сангҳои Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.
Машғулият хеле шавқовар ва ҷолиб гузаронида шуд.
Роҳбарияти факултети №4 тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳоро бо муассисаҳои истеҳсолӣ ва макотиби олӣ дар самти такмили ихтисоси кормандони МКД идома диҳад.

Абдулатифов У.Ҳ. - сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...