Тамошои суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба «Рӯзи Дониш»
Ҳайати профессорону омӯзгорони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми сентябри соли 2024 суханронии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба «Рӯзи дониш» дар толори калони маҷлисгоҳ тариқи телевизион сарҷамъона тамошо намуданд.
Ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи факултет махсусан таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи кунунии донишандӯзии донишҷӯён ва нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи ҷавонон, ба хусус хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, забонӯмозии наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, дурӣ ҷустан аз мафкураи ғайр, яъне масъалаҳои баланд бардоштани музди меҳнати муассисаҳои буҷавӣ, стипендияи донишҷӯён, шароити таълиму тадрис дар мамлакат, рушди иқтисодиёт, таҳсилоти муосири босифат, раванди илму технология, мақоми ҷавонони кишвар дар рушду нумӯъи кишвар, инчунин ҳимояи волоияти қонун ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа яке аз вазифаҳои асосии худ дониста, минбаъд мекӯшанд, ки содиқона ба Ватани хеш хизмат намоянд.
Дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати доимии факултетро водор месозад, ки барои тансиҳату солим будани ҷавонон низ саҳми хешро гузоранд. Ҳифзи манфиатҳои давлативу миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, қарзи ватандории ҳар як шаҳрванди бонанги миллат мебошад.
Тоҳирӣ М.Т., сардори қисми таълимии факултети №4, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ф., подполковники милитсия