Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ

1236Солҳои 90-уми асри гузашта собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (минбаъд ИҶШС) ба буҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодӣ дучор гашт. Барҳам хурдани ИҶШС заминаҳои объективӣ ва субъективии худро дошт. Охири солҳои 80-уми асри 20-ум сатҳи истеҳсолоти моддӣ дар ин кишвари сермиллат поён рафт. Сохти тоталитарии якаҳизбӣ монеъи инкишофи равандҳои демократӣ ва бозори иқтисодӣ гардида буд. Дар чунин шароити буҳронӣ, гарчанде, ки роҳбарияти собиқ ИҶШС кӯшиши боқӣ мондани низоми коммунистиро менамуданд, аллакай дар Аврупои Шарқӣ таҳти равандҳои демократӣ низоми куҳнашудаи сотсиалистӣ аз байн рафта буд. Дар Кониститутсияи ИҶШС сабт шуда буд, ки ҳар як давлати аъзои он ҳуқуқи ихтиёран баромадан аз ҳайати онро доранд, лекин роҳбарияти ИҶШС ҳаматарафа ба ин раванд монеъ мешуданд. Ба ҳамаи ин муқовиматҳо нигоҳ накарда, аввалин бор давлатҳои назди соҳили Балтика соҳибистиқлолии худро эълон намуда, пайи ҳам аз ҳайати ИҶШС баромаданд.
Ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ то пошхӯрии ИҶШС ба дигар давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки узви он буд бетаъсир намонд. Ба равандҳои демократӣ, эълон шудани сиёсати бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ такони бузург бахшид. Сиёсати бозсозӣ, демократикунонӣ ва ошкорбаёнӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон хусусиятҳои ба худ хосро касб намуд. Аммо, авзои сиёсии Тоҷикистон, ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад буд, рӯз аз рӯз мураккаб мегашт. Ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар Тоҷикистон низ авҷ мегирифтанд.
Хушбахтона 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли хешро эълон намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Заминаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин қабули Эъломияи истиқлолияти давлатӣ буд, ки 1-сол муқаддам аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.
8-уми декабри соли 1991 дар мавзеи Беловежски давлати Белорусия сарварони давлатҳои Русия, Белоруссия, Украина дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шартнома имзо намуданд. Дар ин Созишнома қайд шуда буд, ки ИҶШС – ҳамчун субъекти байналмиллӣ барҳам хурд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Созишномаи Беловежскро дастгирӣ намуда ба ҳайати ИДМ ворид гашт. Гарчанде, ки Тоҷикистон ба узвияти ИДМ дохил шуда бошад ҳам, вале ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гашта буд. 2-юми марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СММ пазируфта шуд.
Мутаасифона моҳи майи соли 1992 бо таъсири неруҳои иртиҷоӣ ба истиқлолияти воқеии Тоҷикистон зарбаи харобиовар зада, кишвар ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1992-1997) кашида шуд. Хушбахтона моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки тамоми ғайрат ва талошҳои худро баҳри раҳоӣ аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу суботи комил, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона сохт. Он замони мураккаб ёдовар мешавад Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон бо таъсири ҷанги таҳмилӣ ва дасисаи душманони хориҷӣ метавонист аз харитаи ҷаҳон нест шавад, миллатро парешонӣ ва парокандагӣ интизор буд».
Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тоҷикон 27-уми июни соли 1997 ба арзиши гаронбаҳо, яъне ваҳдати миллӣ соҳиб гаштанд. Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуда, иқдомҳои Сарвари давлати мо аз қабили «Соли оби тоза», «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт, даҳсолаи байналмилалии амал», «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва аз дигар хатарҳои глобалӣ эмин нигоҳ доштани сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд.
Моҳи сентябри соли 1999 дар арафаи иди Истиқлоли давлатӣ 1100 – солагии давлати Сомониён ҳамчун арзиши гаронбаҳои мероси таърихӣ дар сатҳи байналмиллалӣ ботантана ҷашн гирифта шуд.
30–юми сентябри соли 1999 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 18-уми Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи умумии СММ бо ифтихор раисӣ намуданд.
Дар як вақти кӯтоҳи таърихӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ осоре дар кишвар намонда, фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол комилан тағйир ёфта, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон хушбахтии комил ба даст оварданд. Имрӯз ҳама шукр аз неъматҳои Истиқлол намуда, аз он ифтихор менамоянд.
Асламов Б.С. - Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...