Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзгори Академияи ВКД бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардид

123029 августи соли ҷорӣ дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардид ва яке аз онҳо корманди Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Ҳайдарзода Мурод Пирмаҳмад, дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2 буд. Бояд гуфт, ки гирифтани чунин мукофоти олӣ дар таърихи Академия бори нахуст мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки таъсис гардидани Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва дар таҳрири нав қабул гардидани Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, аз ҷумлаи иқдомоти навбатии Ҳукумати кишвар мебошад.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “дар фазои тантанавӣ баргузор гардидани маросими мукофотсупорӣ худ рамзи эҳтироми роҳбарияти давлат ба хизматҳои шоистаи ҳар як шахс мебошад. Қадрдонӣ кардан бо мукофоти давлатӣ, ҳамчунин, эътирофи фаъолияти пурсамару ибратбахши давлативу ҷамъиятӣ, истеҳсоливу соҳибкорӣ ва эҷодиву фарҳангӣ дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоду фарҳанги миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа мебошад”.
Ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҳайдарзода Мурод Пирмаҳмадро барои гирифтани мукофоти олӣ самимона табрик намуда, тансиҳатӣ, иқболи баланд, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти садоқатмандонааш ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистон комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...