Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Форуми панҷуми ҷумҳуриявии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

a48

Рӯзҳои 5-7-уми декабри соли 2017, бо ташаббуси кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар маҷлисгоҳи Шӯрои олимони Академияи мазкур бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 Форуми ҷумҳуриявӣ дар дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами пешбурди амали тафтишӣ” гузаронида шуд. 

Форуми мазкур бо кӯмаки молиявии Анҷумани ҳуқуқшиносони Амрикоӣ (АБА РОЛИ) баргузор гардид.
Дар кори Форум донишҷӯён ва омӯзгорони 5 донишгоҳ ва донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ дар ҳайати 35 нафар фаъолона ширкат варзиданд.

a49

Кори форуми ҷумҳуриявиро бо сухани табрикотӣ муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. кушода, меҳмонон ва иштирокчиёни онро хайру мақдам гуфт.
Мақсад аз баргузор намудани Форум - муайян намудани камбудиҳои қонунгузорӣ дар самти пешбурди амали тафтишӣ ва пешниҳод намудани хулосаҳои илман асоснок дар мукаммал сохтани қонунгузорӣ иборат буд.
Дар Форум масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
 Моҳият ва вазифаи амали тафтишӣ;
 Услуби амали тафтишӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ;
 Масъалаҳое, ки ба асос ва тартиби мурофиавии пешбурди амали тафтишӣ алоқаманданд;
 Таносуби амалҳои тафтишӣ ва дигар амалҳои мурофиавӣ;
 Истифодаи воситаҳои техникӣ дар пешбурди амали тафтишӣ;
 Нигоҳ доштани мурофиавии натиҷаҳои амали тафтишӣ.
Дар хотима иштирокчиён таклифу пешниҳодҳои худро оид ба мукаммал намудани қонунгузорӣ дар масъалаи пешбурди амали тафтишотӣ иброз доштанд.
Арипов А.Л., сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия
Убайдуллоев Ш.Э., омӯзгори калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...