Ватани ман - ифтихори ман!
Муаллими ҷавони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ, лейтенанти калони милитсия Фарҳод Муродзода ғолиби озмуни байналмилалии “Ватани ман - ифтихори ман” гардид.
Имрӯзҳо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қишри ҷомеа, бахусус ҷавононро ба сайри таърихи гузаштагон мебарад, ки чӣ гуна Синои бузург ба ивази ганҷина иҷозати истифодаи китобхонаро аз шоҳ хост ва ганҷи нодире Сино аз он маъхази илму дониш бардошт.
Мақсади асосии иштирок дар озмуни мазкур муаррифии кишвари азизамон Тоҷикистон бо манзараҳои дилфиреби худ ба ҳисоб мерафт. Ин озмун дар Федератсияи Россия баргузор гардида, аз ду давра иборат буд. Марҳилаи аввал аз 10 январ то 10 июл баргузор гардида, Фарҳод Муродзода бо қарори якдилонаи аъзои ҳакамон ба марҳилаи дуюм роҳ ёфтааст.
Марҳилаи дуюми озмун аз санаи 11 июл то 12 августи соли 2024 баргузор гардида, дар номинатсияи “ Ватани ман - ифтихори ман” намояндаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон корманди Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия Муродзода Фарҳод Ғайрат бо гирифтани ҷойи сеюм дар озмуни байналмилалӣ мушарраф гардидааст.
Фарҳод Муродзода ғолиби озмун чунин иброз дошт: “Баргузории чунин озмунҳо аз манфиати холӣ набуда, барои дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ намудани ҳунару маҳорати ҷавонони фаъоли кишвар мусоидат менамоянд. Чун имрӯз дар тамоми соҳаҳои кишвар саҳми ҷавонон ҳамчун машъалафрӯзи роҳи фардои миллат дар назар аст”.