Ҷамъомади таълимӣ-саҳрои курсантони курси якум
Навшомилшудагон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 аллакай дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-саҳроиро ҳанӯз аз 5 августи соли равон оғоз намуда то аввали моҳи сентябр дар ин шароити хоса ба ин маслак ин маъракаи муҳимро пушти сар карда истодаанд.Албатта, ин давраи басо муҳим, ҳассос барои ин ҷавонон мебошад. Зеро, маҳз дар ҳамин рӯзҳо дарси мардонагиро сипарӣ намуда бо бисёре аз урфу одат ва расму русуми тифлию наврасию ҷавониашон хайрухӯш намуда, бо татбиқ намудани нақшаи таълимии ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ комилан шахсони дигар шуда ба таълимгоҳашон бармегарданд.Раванди гузаштани ҷамъомади мазкур аз оғоз то анҷом зери таваҷҷуҳи Роҳбарияти ВКД ва алалхусус муҳтарам Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дорад.Роҳбарияти Академияи ВКД, зери сарварии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриен Пулод шабу рӯз ин ҷамъомадро таҳти назорати ҷиддӣ қарор додаанд.Афсарону омӯзгорони пуртаҷрибаи Академия дар зери роҳбарии муоввини аввали сардори Академия, полковники милитсия Ализода Аличон, шогирдонро тибқи реҷаи махсуси тасдиқкардашуда аз таълим ва тадрис гузаронида истодаанд. Курсантони 4 ихтисосҳои Академия: ҳуқуқшиносӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ ва бехатарии сӯхтор ин дарси мардонагиро убур карда истодаанд.Бояд қайд кард, ки дар ин чорабинии муҳим таҳдоби ояндаи маслаки интихобкардаи ин ҷавононро гузошта, риштаҳои дӯстию рафоқат, ҳисси эҳтиром, принсипҳои инсондӯстиро мепайвандад ва табиист, ки онҳо ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро низ намояндаги мекунанд.