Маросими ботантанаи супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони Академияи идоракунии ВКД Россия
27 июли соли 2024 маросими ботантанаи супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва баргузор шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, воҳидҳои дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Россия, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, кормандон ва собиқадорони Академияи мазкур иштирок намуданд.
Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ширкат варзид.
Муовини вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Владимир Кубишко аз номи вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерали политсияи Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев ҳайати шахсӣ ва хатмкунандагонро бо ин чорабинии муҳим табрику муборакбод намуд.
Мавсуф ба донишҷӯён ва адъюнктҳо барои сатҳи баланди донише, ки дар имтиҳонҳои хатм нишон доданд, изҳори сипос намуда, ба ҳайати омӯзгорон ва собиқадорон ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос миннатдорӣ иброз намуд.
Таҳсилро дар Академияи мазкур 117 нафар донишҷӯён ва 40 нафар адъюнктҳои факултети тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ ба итмом расониданд. Дар байни хатмкунандагон 32 нафарро намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар кишварҳо ташкил медиҳад, аз ҷумла аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 нафар. Дар ин радиф майори милитсия Муҳаммадиев Бахтиёр Сунатович Академияи мазкурро бо дипломи аъло хатм намуд.
Муовини вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Кубишко ва роҳбарони шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Россия дар маросими тантанавӣ ба хатмкунандагони Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Россия диплом супориданд.
Дар хотимаи маросим хатмкунандагон бо Байрақи Академия видоъ карданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия