Семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ
25-уми июни соли 2024 бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистон ва аҳамияти он» бахшида ба 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва гиромидошти хотираи неки собиқ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия, номзади илмҳои сиёсӣ, Саймуддинов Шамсулло Саймуддинович баргузор гардид.
Дар кори семинари илмӣ-назариявӣ роҳбарияти Академияи ВКД, намояндагони шуъбаи ташкили илмӣ ва табъу нашр, олимону коршиносони соҳа, омӯзгорони ботаҷриба ва хешовандону пайвандони марҳум собиқ сардори Академия Саймуддинов Шамсулло Саймуддинович иштирок доштанд.
Семинари мазкур бо суханони ифтитоҳии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло оғоз гардида, мавсуф иштирокчиёни семинари илмӣ-назариявӣ, устодону омӯзгорон, меҳмонону шогирдон ва ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон Ваҳдати миллиро шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо барору комёбӣ ва рӯзгори орому осуда, таманно намуд.
Бояд зикр кард, ки маҳз имзои ин санади тақдирсоз, ки бо ҷоннисориҳои фарзанди сарсупурда ва ҷонфидои миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, Тоҷикистони азизи мо аз вартаи ҳалокат ва нобудии сиёсӣ раҳо ёфта, ҳоло чун кишвари дорои амнияту суботи комил ба ҷаҳониён беҳтарин намунаи ваҳдатофарӣ, яъне тарзи хоси сулҳро пешниҳод намуда, дар раванди ҳалли мушкилоти сайёра ҳиссагузор мебошад.
Модератори семинар Назарзода Носир Ҷобир – профессори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия интихоб гардид.
Оид ба мавзуи семинар раиси Шурои собиқадорони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Ҷурахонов Саид Қаюмович; собиқадори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники мустаъфӣ Ғуломов Муродалӣ; собиқадори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники мустаъфӣ Ғоибов Намоз Ғоибович баромад намуданд. Ҳамчунин Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич – ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, Аълочии матбуоти тоҷик, полковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Нақши Саймуддинов Шамсулло Саймуддинович дар таҳқиқи равандҳои сиёсии Тоҷикистони муосир (1991-1997)»; Ҷӯраев Раҷаббой Зуҳурович – дотсенти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, н.и.ф., полковники мустаъфии милитсия, маърӯза дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ - омили ваҳдатсоз»; Равшаналиев Фирӯз Рамазонович – роҳбари Маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон, маърӯза дар мавзуи «Аҳамияти Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ дар шароити нави геополитикӣ»; Абдусаломов Мирзошариф Муҳаббатович - докторанти Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, маърӯза дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар барқарорсозии Ваҳдати миллӣ»; Бойзода Ҷамшед Ҷумъабой – дотсенти кафедраи «Фанҳои ҷамъиятӣ», полковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Андешаҳои ваҳдатсозӣ дар афкори адабии тоҷикон»; Самиъзода Бахтиёр Салим – дотсенти кафедраи «Фанҳои ҷамъиятӣ», подполковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Арзишҳои Ваҳдати миллӣ ва роҳҳои таҳкими он дар Тоҷикистон», Султонзода В. И. – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия, дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст», Саидзода М. – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия, дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон», Одинаев С. – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» бо маърӯзаҳо баромад карданд.
Сардори факултети №1, н.и.ҳ., Саидзода З.А. оид ба хотираҳои нек нисбати собиқ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия, номзади илмҳои сиёсӣ, Саймуддинов Шамсулло Саймуддинович ёдоварӣ намуд.
Семинари мазкур дар тарбияи маънавӣ ва ватандӯстӣ нақши муҳим бозида, хеле хотирмон гузашт.
Асламов Б.С., Султонзода В.И.