Донишҷӯи беҳтарини соли 2024
29-уми майи соли 2024 тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи моҳвораи ҷавонон дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни "Донишҷӯи беҳтарини соли 2024" миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.
Дар оғози озмуни мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад иштирок ва суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки мақсади асосии баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ ин муайян намудани донишҷӯёни беҳтарин дар самтҳои илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ мебошад. Дар охири мулоқот Раиси Кумита ба ҳамаи иштирокчиён барору муваффақият орзу намуд.
Боиси ифтихор аст, ки курсанти курси 4-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳабатуллозод Хаём дар озмуни мазкур донишҷӯи беҳтарини соли 2024 эълон гардид.