Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсантони Академияи ВКД - ғолибони озмун

1193Амри навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, 1-уми январи соли 2024 содир гардид. Ҳадафи асосии баргузор намудани озмуни зикргардида ин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баланд бардоштани сатҳи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯён ва калонсолон мебошад.
Имсол, яъне соли 2024, соли панҷум мешавад, ки бо амри Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни зикргардида аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назму наср баргузор мегардад.
1194Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз Амри навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 3-юми январи соли 2024 Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар байни ҳайати шахсӣ ва тағйирёбанда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Пас аз даври аввали озмун, ки моҳи марти соли 2024 дар байни курсантони Академияи ВКД баргузор гардид, курсантони ғолиб ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. 13-уми майи соли равон дар муассисаи таҳсилоти умумии №65 ноҳияи Шоҳмансур даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардида, се нафар курсантони курси чоруми Академияи ВКД сазовори ҷойҳои намоён гардиданд: Абдуллозода Салоҳиддин, Солеҳзода Ҳоҷиакбар, Саидов Толиб. Курсантони ғолиби даври ноҳиявии озмун аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД сазовори мукофотҳо гардиданд.
Давлатшозода Азиза, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...