Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санҷиши ҳолати омодабошии ҳайати шахсии факултети №4-и Академияи ВКД

1189Тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, санҷиши ҳолати омодабошии ҷангӣ ва варзишии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид.1190
Дар ин радиф, субҳи рӯзи 4 июни соли 2024, соати 04:00-дақиқа, ҳолати омодабошии ҳайати шахсии факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Хуҷанд) мавриди санҷиш қарор дода шуд.
1191Дар ҷараёни санҷиш вобаста ба истифодаи силоҳи ҷангӣ, қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи силоҳ, тартиби нигоҳдории он, муқаррароти Конститутсия, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба донистани забонҳои хориҷӣ маълумоти муфассал дода шуд.1192
Ҳамчунин иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълим, барномаҳои таълимӣ, баргузории машғулиятҳо, савияи дониши курсантон, забондонӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва дигар самтҳои фаъолияти факултети мазкур мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...