Иштироки курсантон дар конференсияи илмии байналмилалии маҷозӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон
Фаъолияти илмии курсантон ва шунавандагон қисми таркибии ҷудонашавандаи кори тадқиқоти илмии Академияи ВКД Ҷумҳурии Точикистон мебошад. Дар партави суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши ҷавонон дар бунёди ояндаи арзандаи кишвар ин самти фаъолият аҳамияти хосса пайдо мекунад. Ҳамкории байналмилалӣ низ дар соҳаи тадқиқоти илмӣ ҷойи махсусро ишғол намудааст.
30 майи соли 2024 курсантони Академияи ВКД дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии адъюнктон, аспирантон, шунавандагон, курсантон ва донишҷӯён дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами ҳуқуқ ва ҷомеа аз нигоҳи ҷавонон», ки ташкилкунандаи он Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия ба номи В.В. Лукянови ш. Орёл буд, иштирок намуданд. Ичрокунандаи вазифаи ҷонишини сардори Донишкада (оид ба корҳои илмӣ), номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Панков Сергей Леонидович ба сухани ифтитоҳӣ кори конференсияро оғоз намуд.
Дар конференсия шунавандагону курсантони худи донишкада, инчунин намояндагони Ҷумҳурии Беларусия ва Қазокистон иштирок доштанд. Дар конференсия масъалаҳои мубрами ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ, мушкилоти марбут ба тафтиши ҷиноятҳо, баррасии намудҳои алоҳидаи ҷиноятҳо, инчунин пешгирӣ ва мубориза ба ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон баррасӣ шуданд.
Курсанти курси 3-юми факултети № 2-и Академияи ВКД, сержанти хурди милитсия Зулфонов А.Х. дар конференсия дар мавзуи «Аҳамияти интернет дар соҳаи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор» маъруза намуд, ки роҳбари илмиаш дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии, факултети No 2 Академияи ВКД, подполковники милитсия Рустамзода З.Р. мебошад.
Баъди ба охир расидани маъруза саволу ҷавоб доир гардида, Зулфонов А. ба саволҳои додашуда, посухҳои мушаххас дод.