Дари маърифат бар касонест боз...
(Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади натиҷагирӣ аз дастовардҳо ва муайян намудани самтҳои асосии рушди кишвар, роҳнамои муҳими фаъолият ва рушди низоми давлатдорӣ мебошад, зеро баррасии моҳияти дигаргуниҳои куллӣ дар амалӣ намудани идоракунии давлатӣ, рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маорифу илм, фарҳанг ва дигар соҳаҳо аҳамияти калон дорад.
Чун рукни анъана, рӯзи 28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа намуданд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин анъанаи расмии солонаи Ҳукумат ва фарҳанги хоси ҳисоботдиҳиву супориш ва вазифаҳои тақдирсози ояндаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди давлат ва барои миллати тоҷик дониста мешавад.
Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат як силсила масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба таҳлил ёфта, барои рушди устувори ҳар соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шудаанд. Паёми навбатӣ низ барномаи мушаххаси рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, нақшаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.
Аз нигоҳи мазмун ва муҳтаво Паёми имсолаи Пешвои миллат мавзуъҳоеро дар бар мегирад, ки барои рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии сазовори мардум аҳамияти муайянкунанда доранд. Мавзуъҳое, ба монанди: таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва сиёсати иҷтимоии давлат, таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар қатори бисёр масъалаҳои дигар муҳтавои Паёми Пешвои миллатро ташкил медиҳанд.
Дар мазмуну мундариҷаи Паёми навбатӣ ҳалли масъалаҳои миллӣ бештар ба назар мерасид. Пешвои миллат ҳисси баланди миллиро омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлату ҷомеа арзёбӣ намуда, дар рӯҳияи ватанхоҳию ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон, ҳимояи манфиатҳои ҳар як тоҷик, ташаккули мафкураи миллӣ, эҳёи миллӣ ва махсусан дар ин замина қабул намудани консепсияи мудофиаи миллиро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки чунин иқдомҳои наҷибу саривақтӣ дар таҳкими сулҳу суботи давомдор ва ваҳдати миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Хусусан дар шароити муборизаҳои идеологию мафкуравӣ ва рушди бемайлони технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ масъалаи дар руҳияи идеологияи миллӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон таваҷҷуҳи махсус мехоҳад.
Яке аз масъалаҳои меҳварӣ ва бунёдӣ дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад.
Дар робита ба эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» ба тавсиб расида, мувофиқи ин фармон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд. Дар банди дуюми фармон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки барои иҷрои ин фармон дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Дар ин асос Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 низ таҳия гардида, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ карда шуд.
“Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудани соли 2024 марҳилаи нави рушди ҷомеа бояд дониста шавад. Яъне, баъд аз тай намудани марҳалаҳои душвору мураккаби солҳои нахустини истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо қатъият раҳо ёфтан аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муваффақона бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, босуръат гузаштан ба марҳалаи ободкорӣ ва созандагӣ, мавқеи устувор гирифтан дар доираҳои бонуфузи байналмилалӣ ва харитаи сиёсии ҷаҳонӣ, қабул гардидани санад ва қонунҳои ҷавобгӯ ба талабот акнун фурсати он расидааст, ки қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад.
Маърифати ҳуқуқӣ ба василаи муҳими танзимкунандаи рафтор ва фаъолияти шахс дар ҷомеа ба шумор рафта, омили мусоид баҳри таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат аст. Маҳз сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқӣ, фарҳанги риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар дар чаҳорчӯбаи қонун муқаррар шудааст. Маърифати ҳуқуқӣ ба шахс имкон медиҳад, ки дар шинохти воқеии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаю уҳдадориҳо муваффақ гардад. Дар шароити вусъат пайдо намудани ҷаҳонишавӣ ва рушди равандҳои демократӣ аҳамияти маърифатнокии ҳуқуқӣ ба маротиб боло рафтааст. Моҳиятан дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳар шаҳрванд бояд ба мавқеи мустақили шаҳрвандӣ ва шахсияш муносибати бошуурона дошта бошад ва ба равандҳои гуногуни ҷамъиятӣ бохирадона муносибат намояд. Дар чунин шароит маҳз донишҳои ҳуқуқии зарурӣ, устувории иродаи сиёсӣ ва мафкуравӣ метавонанд фаъолияти шахсро дар доираи муайянкунандаи қонун ва тартибот таъмин созанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаҳо боз талош меварзанд, ки волоияти қонун, самаранокии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми демократӣ, тарбияи ҳуқуқии ҷомеаро дар кишвар ба таври густурда таъмин намояд.
Зеро дар марҳалаҳои гузариш мавҷуд будани омилҳои номатлуб дар байни мардум ва насли ҷавон, аз қабили шомилу даст доштан дар амалҳои террористӣ, ифротгароӣ, тақлид ба расму оини ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ вазъи умумии ҳаёти ҷамъиятиро халалдор намуда, номи миллати азизамонро ба бадномӣ овардаанд. Дар робита ба ин қабули қонуну барномаҳои мушаххас нисбати татбиқи сиёсати давлатии шаҳрвандону ҷавонон, яке аз заруратҳои саривақтие буданд, ки омилҳои номатлуби хатарзо безарар гардиданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо заҳматҳои шабонарӯзии Президенти кишвар дар самти рушди тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, қишри ҷавонон ва дурнамои зиндагии шоистаи онҳо, таъмини амнияту субот аҳамияти хосса зоҳир намуданд. Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «рӯй овардан ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, фаъолияти минбаъдаи ҷавонон дар дохилу хориҷӣ кишвар ин худ зарурати таърих дар раванди ҷаҳонишавӣ мебошад».
Бояд эътироф намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани зиндагии шоиста тамоми санадҳои ҳуқуқӣ таҳия, пешбарӣ ва қабул шудаанд. Роҳбарияти олии мамлакат баҳри таъмини амнияти давлат, пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии он, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон устувор нигоҳ доштани мавқеи Тоҷикистон ҳамаи имкониятро истифода мебарад. Дар ҷавоб ба иқдоми Ҳукумати мамлакат сокинони мамлакатро мебояд дигар побанди андешаву мулоҳизаҳои замони гузашта набошанд. Балки барои гузаштан ба марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа - марҳилаи ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ барои иштирок дар ҳимояи манфиатҳои давлат ва саҳм гузоштан дар бунёди давлати миллии муосири пешрафта бо роҳи риояи қонунҳо қадами қатъӣ гузоранд.
Дар партави ҳидоятҳои додашуда баҳри иҷро ва таъмини онҳо ҳар як фарди боору номуси Ватанро водор месозад, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ аҳамияти вазифаҳои гузошташударо сармашқи кору зиндагии худ намуда, баҳри иҷрои иқдомҳои нек, камари ҳиммат банданд.
Дар умум, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлуҳои мухталифи сиёсати ҳуқуқии кишварро, махсусан дар самти такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, алоқаи барқӣ, пешгирии терроризму экстремизм ва дар маҷмуъ, масоили таҳкими фаъолияти мақомоти қонунгузориро фарогир буда, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва стратегӣ ба таъмини рушди низоми қонунгузории кишвар мусоидат хоҳад кард.
Дари маърифат бар касонест боз,
Ки дарҳост бар рӯйи эшон фароз.
Саъдӣ
Абдулло А. Р., сардори кафедраи ташкили тактикаи ФОҶ, Факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия